Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ситоди вилоятӣ дар самти содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ доир гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсат ва қисман мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи вилоят ширкат доштанд.
Зимни ифтитоҳи ситод раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ва вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми феврали соли 2022 дастуру супориш доданд, ки соҳаҳои саноату кишоварзиро рушди тоза бахшида, ба содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар муваффақ гардем. Ҳадафи асосии ситод дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони вилоят мебошад.
Ҳамзамон дар ситод аз тарафи роҳбарияти вилоят таъкид карда шуд, ки аз пардохтҳои беасос даст кашида, тавассути хадамоти гумруку омор ва дигар мақомоти назоратӣ ҳучҷатгузориҳо дар вилоят ба расмият дароварда шавад. Дар самти банду басти маҳсулот, омода кардани маҳсулот ба хориҷи кишвар, нархи маҳсулот, сифат ва бехатарии маҳсулот, назоратӣ ҷиддӣ кор баранд, ҳамчунин аз тарафи аъзоёни ситод гурӯҳои корӣ таъсис дода бо деҳқон ва истеҳсолотчиёну соҳибкорон машваратҳо гузаронида, тариқи шабакаҳои телевизионӣ аз рафти баргузории машваратҳо, банду басти маҳсулотҳои барвақтӣ, содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан, инчунин фаровонии маҳсулотҳои содиротшавандаро намоиш диҳанд.
Бояд гуфт, ки то 3 майи соли 2022 аз вилоят ба хориҷи кишвар тухми офтопараст, донаи зардолу, писта, чормағзи заминӣ, меваи хушк, мағзи писта, пиёз, себ, олу, зардолу, сабзӣ, сирпиёз, лаблабу, карам, лимон ва ангур содирот шудааст.