Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳти раёсати муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Ба таъкиди Ф. Шарифӣ, ҳарчанд дар вилояти Хатлон вазъи бемории сирояти нави коронавирус муътадил арзёбӣ мегардад, бояд аз он хотирҷамъ набошем, ки шиддати ин беморӣ дар вилоят паст омили асосии пешгирии ин вабо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад ва дигар роҳи самараноки пешгирӣ намудани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

— Ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар вилоят 7988 нафар шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, — қайд кард муовини раиси вилоят. — Дар ин давра аз 27707 нафар намунаи молишак (тест) гирифта шуда, дар натиҷа 4249 нафар сироятёфтагон бо ташхиси коронавируси нави COVID-19 дарёфт гардидаанд. Ба ҳолати 2 ноябри соли равон дар вилоят 7721 нафар гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва ё пневмания шифо ёфтаанд. Аксари кулли нафарони гирифторшуда ба бемории коронавирус низ пурра табобат ёфтаанд.

Айни ҳол дар сатҳи вилоят шумораи гирифторони ин беморӣ дар муассисаҳои табобатӣ 4 нафар ва дар муҳити хона 15 нафар таҳти назорати табибон қарор дошта, муолиҷа гирифта истодаанд.

Дар ҷаласаи ситод гузориши сардори Раёсати тандурустии вилоят М. Раҷабзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Н. Бояков, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон М. Абдуқодирзода, сардори Раёсати Хадамоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар вилоят Ф. Юсуфзода, муовини сардори раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилоят А. Гурезов ва сардори Раёсати маорифи вилоят Д.Исозода шунида шуд.

Қайд гардид, ки бо ҷалби мутахассисон пайваста машваратҳои омӯзишии сарироҳӣ, гардишҳои хона ба хона ташкил гардида, сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ дар самти риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ тақвият дода мешавад.

Дар муассисаҳои госпиталӣ 2629 нафар бистарӣ гардида, аз ин теъдод 2411 нафар табобат гирифтаанд. Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ ҳамагӣ 5407 нафар беморон бо илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 5359 нафар нафар ё ин ки 99,1 фоиз беморон солим гаштаанд.

Дар ҷаласаи ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зарурии саривақтӣ вобаста ба паҳн нагардидани бемории илтиҳоби шуш (пневмония), аз ҷумла коронавирус (COVID-19), таҳти назорат қарор додани фаъолияти ситодҳо, иҷрои дастурҳои раиси ситоди вилоятӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти аъзои Ситод дар самти пешгирӣ аз интиқоли беморӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, таъмини бехатарии кормандони соҳаи тиб, танзими нархи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят, тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ, дар таътили 10-рӯза безарар гардонидани муассисаҳои таълимӣ ба масъулон супоришҳо дода шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон