17 октябри соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои дурнамои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мамлакат ва бунёду аз навсозии иншооти ҷашни бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди вилояти таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода доир гардид. Дар кори ситод муовини аввали раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирон ва сардорони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятии дахлдор ва қисман раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Аз руи масъалаи якум муовини раиси вилоят Салимзода Амонулло баромад карда, иброз доштанд, ки пахтакорӣ яке аз бахши муҳими соҳаи кишоварзи ба шумор рафта, имсол дар ноҳияҳои пахтакори вилоят дар майдони умумии 121 ҳазору 694 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки 98,9 фиоизи дурнамои соли 2022-ро ташкил медиҳад. Тавре таъкид шуд кишти пунбадона асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кулоб, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён кам гардидааст.

Дар ситод гуфта шуд, ки тибқи маълумотҳои омори ба ҳолати 16-октябри соли ҷори 198 ҳазору 255,4 тонна пахта ҷамъовари гардидааст, ки ин рақам 69,32 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Вабаста ба мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта, раиси вилоят мўҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо пурсон шуда, масъулин ва дигар гуруҳои кориро дар самти ҷалби чинакчиён, саривақт пардохт намудани маблаѓи чинакчиён, ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта дастуру супоришҳои қатъи дода, иброз доштанд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда ҳар чӣ зудртар нақшаи пешбини шудаи пахтаро тибқи дурнамо таъмин намоед.

Дар идомаи ситоди вилояти вобаста ба бунёду азнавсозии иншоотҳои ҷашни, ки бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят то соли 2026 сохтмони зиёда аз 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст ки, 760 иншоот ба соҳаи маориф, 477 иншоот ба соҳаи тандурусти ва 576 иншоот ба соҳаи саноат рост меояд. Зикр шуд, ки то ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳудуди вилоят 508 иншооти таиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуда, дар дигар иншооти ҷашни бошад корҳои сохтмони бо маром ҷараён дорад.

Дар интиҳои ситоди мазкур раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, вобаста ба корҳои сохтмони бунёди дигар инфрасохтор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сифатнок ба итмом расонидани иншооти ҷашни ба масъулин тавсияҳои мушахас доданд.

Маъракаи муҳими сиёси ҷалби ҷавонони сини даъвати ба сафи қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз мадди назари роҳбарияти вилоят ва дигар масъулин дур намонда дар ин росто ба комисарияти ҳарбии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастуру тавсияҳои қатъи дода, иброз доштанд, ки барои даъвати ҷавонон ба хизмати модар ватан тамоми кушиш ва неруи худро сафарбар намоед, ин маъракаи муҳими сиёси дар сатҳи балади ташкили баргузор ва нақшаи пешбини шуда бошад сарбаландона иҷро карда шавад.

Роҳбарияти вилоят масъулинро вазифадор намуданд, ки ҳамаруза аз рафти иҷрои масъалаҳои дар ситод баррасишуда, ба мақомоти вилоят маълумот пешниҳод карда шавад.