23 январ дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар баробари пешсафони арсаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, ғаллакорон, шоликорон, чорвою парандапарварон, боғдорон, инчунин як зумра ҳамкасбони мо, журналистон низ, барои инъикоси дастовардҳои соҳаи агросаноатӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳқонон бо Сипоснома ва мукофоти хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Дар миёни онҳо Рухсора Нурова — муовини якуми директори АМИТ «Ховар», Гулчеҳра Сатторзода — сармуҳаррири маҷаллаи «Сарзамин», Саидҷаъфар Маҳмадалиев — хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» дар минтақаи Кӯлоб, Тошмат Темиров — сармуҳаррири нашрияи «Дӯстлик», Баҳром Миров — мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, Абубакр Бобоев — танзимгари телевизиони «Хатлон» буданд.
Ба нафарони номбурда ва ҳамаи ҳампешаҳои азиз, ки соли 2020 дар бозтоби дастовардҳои аҳли заҳмати вилояти Хатлон саҳми бориз гузоштанд, арзи сипоси фаровон мекунам.
Умедворам, ки дар соли 2021 низ ҳамкории хубу созандаи мо боз ҳам устувортар хоҳад шуд.