Рӯзи 25.07.2018 дар толори Китобхонаи оммавии вилояти ба номи Шамсиддин Шоҳин шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои занони назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раҳимзода Раъно оид ба зиёд гардидани теъдоди бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 мудири шуъбаи ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва кӯмаки аввалияи санитарии Раёсати тандурустии вилоят Шоназарова Матлуба ва директори маркази солимӣ репродуктивии вилоят Мирзоева Райҳона оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон баромад намуданд.

 Сипас Хидирзода Махфират муовини раиси вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳое, ки бекоршавии ақди никоҳ зиёд шудааст, изҳори нигаронӣ намуда, пурсиш намуданд.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here