Ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.
Ҷамъомадагон масоили муҳими рӯз, аз ҷумла корҳои анҷомдода вобаста ба сафарбаркунии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар кори Шӯро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сардорони раёсатҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъул иштирок доштанд. Ибтидо тибқи рӯзномаи маҷлис натиҷаи кори Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон, дар давраи 9 моҳи соли 2021 таҳлилу баррасӣ гардид.
Аз рӯи масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ масъулон дастур гирифтанд, ки фаъолияти худро ҳамоҳанг сохта, корҳои оммафаҳмониро таъсирнок анҷом диҳанд, то шаҳрвандони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намоянд. Дар ин самт бо ёдоварӣ, аз кори хуби масъулони ноҳияи Шамсидини Шоҳин ва Носири Хусрав дастур дода шуд, ки ҳама кӯушишҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ равона карда шавад.
Дар кори Шӯро ба масълаҳои муҳим — пешгирӣ аз коррупсия, экстремизм ва терроризм, инчунин ҷилавгирӣ аз худкӯшӣ ва суиқасд ба ҷон таваҷҷуҳ карда шуд. Бо нигаронӣ изҳор гардид, ки ҳатто ноболиғон ҳам даст ба худкушӣ задаанд. Барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷомеа корҳои тарбиявиро мақсаднок ба роҳ мондан лозим аст.
Дар ниҳоят аз рӯи натиҷаи таҳлилу баррасии масъалаҳои матраҳшуда шахсони дахлдор вазифадор гардиданд, ки таъсирбахшии корҳои тарбиявӣ санҷида шавад ва механизми самараноки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди истифода қарор гирад. Ба ин хотир бояд барномаҳои телевизиионӣ бо иштироки ҳуқуқдонҳо ва шахсони фаъоли ҷомеа чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ мунтазам гузаронида шавад. Дар ин баробар мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд ба захираи дусолаи ғизо таваҷҷуҳ намояд ва бо назардошти мавҷудияти бемории Ковид 19 барои ҳифзи саломтии худ ва атрофиён чоранандешӣ кунанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон