Қабули маводи довталабон барои иштирок дар озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Неруи сухан” оғоз гардидааст.

Озмуни мазкур тибқи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан»», таҳти №10, аз 8 январи соли 2020, гузаронида мешавад.

Ин сабқати эҷодӣ бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, тарғиби расму ойин  ва арзишҳои  миллӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, волоияти қонун, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, инчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон баргузор мегардад.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 7 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шавад.

Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳадафи асосии маводи журналистиро бояд ташкил диҳад.

Иштироккунандагони озмун дар мавзӯъҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

Масъалаҳои актуалии соҳаи иҷтимоӣ дар ҷомеа:

— тадбирҳо оид ба пешравӣ дар соҳаҳои маориф, ҷавонон, варзиш, тандурустӣ, занон, иттилоот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон;

— вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, рушди ҳунарҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва сохтмони иншооти варзишӣ.

Масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёт, кишоварзӣ ва замин:

— рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ кардани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, дигаргуншавии муносибат ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои корӣ.

Масъалаҳои марбут ба саноат, сохтмон, нақлиёт ва роҳсозӣ:

— раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди вилояти Хатлон, дастовардҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилоят, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ ва адрасбофӣ, таомҳои миллӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав, сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, сохтмони хонаҳои баландошёна ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ;

— фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

— таъмири роҳҳо, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

1. “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

2. “Беҳтарин барномаи телевизионӣ

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

3. “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

4. “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

5. “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

6. “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

7. “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”.

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

Талабот ба мавод

Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо ишораи забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.

Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.

Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.

Ҳайати ҳакамон (Кумитаи тадорукот) ҳуқуқ дорад, ки дар сурати ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, Ҷоизаи “Неруи сухан”-ро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.

Маводи рекламавӣ ва маводи  иттилоотие, ки бо шартҳои тиҷоратӣ дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи озмун баррасӣ карда намешаванд.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамон сол пахш ва ё нашр гардида бошад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар карда мешавад.

Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи журналистӣ дохил мебошанд, ҷамъбаст гардида, ғолибон дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here