Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

 Нахуст, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Одинаев Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Зимнан, Саъбагул Валиева баромад карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиклолиаш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва бо вусъати бештар амал менамояд, ки ин ба афзудани нуфузу эътибори байналхалқии он мусоидат мекунад. Таҳкими равобит ва хамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Маркази барои ҷумхурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона бо Ӯзбекистон ҳам такозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардумӣ харду кишвар нигаронида шудааст.

 Инчунин, Одинаев Раҳмон зимни суханронии хеш гуфт, ки машъали дурахшони дӯстӣ, ки мутафаккирони бузурги кишварҳои мо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ фурӯзон карда буданд, ҳеч гоҳ хомӯш нахоҳанд гашт. Баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти дӯстонааш бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои бисёри хамкорӣ шодию хурсандии ду миллати бо ҳамдигар дӯстӣ қарин бударо зиёда намуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here