Ширакати Sinohydro ба хонандагони таълимглҳи №1-и шаҳри Левакант лавозимоти дарсӣ, аз он ҷумла китобҳо, ҷузвдон, тӯби футбол ва дигар ашёҳои таълимиро тақдим намуд.

  Дар маросими тақдими ҳадяҳо инчунин миёни толибилмон оид ба фарҳанг ва таърихи Чин озмун гузаронида шуд. Хонум Хуан Лингвей, намояндаи ширкати чини Sinohydro, зикр кард, ки тақдими чунин лавозимоти дарсиро дар оянда барои толибилмони дигар ба нақша гирифта, ҳамчунин ширкати мазкур ба сохтмони се муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад. Санади ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ширкати мазкур моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расида, тибқи он ширкати  Power China дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Бохтару Левакант барои 2560 хонанда мактаб месозад. Тибқи арзёбии муқаддамотӣ, хазинаи умумии ин лоиҳаҳо қариб 3,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here