Дар ноҳияи Дӯстӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз заминҳои кишти пахтаи ҶДММ “Ҷунгтай Син Силу”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” дидан намуд.

Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ширкати мазкур дар майдони 49 гектар пунбадона кишт кардааст. Ширкати мазкур дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ҷамъан дар майдони 2514 гектар пахтакорӣ кардааст.

Умуман, ин мавсим дар ноҳия кишти пунба дар майдони 7574 гектар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 82% иҷро гардидааст.
Раиси вилоят ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуданд. Майдони умумии хоҷагӣ 600 гектарро ташкил дода, аз он дар 60 гектараш сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин дар 3 гектараш гармхонаи помидору бодиринг парвариш карда мешавад.
Хоҷагидорон дар майдони 350 гектар пахта ва 75 гектар гандум низ кишт кардаанд.

Қурбон Ҳакимзода дар суҳбат бо кишоварзон ва масъулони ноҳияи Дӯстӣ таъкид намуданд, ки тибқи дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 60%-и майдонҳои кишти такрорӣ бояд аз ғалладонагӣ, лубиёгиҳо ва макаи дон иборат бошад.

“Аз ҳамаи масъулони муассисаҳо, ки дар назди биноҳои худ заминҳои наздиҳавлигӣ доранд, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, масҷидҳо бояд даъват намоем, ки дар замини наздиҳавлигии худ донагӣ ё дигар маҳсулоти озуқа, ҳадди ақал гашнизу шибит корида, ба кормандон тақсим кунанд”, — зикр намуданд раиси вилоят.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон