Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз сарбанди Янгиободи воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Навзамин”-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

Дарозии канал 2 километрро дар бар гирифта, ғунҷоиши об дар канали мазкур аз 20 то 30 кубро ташкил медиҳад. Аз канали мазкур ба воситаи насосҳои обкашӣ 9060 га заминҳо обёрӣ мешаванд. Инчунин бе ёрии пойгоҳҳои обкашӣ 120 га замин обёрӣ мегардад.

Ба Сарвазир иттилоъ доданд, ки барои кушодани канал 407 мошин сангу шағал кашонида шудааст. Канали мазкур аз ҷониби мутахассисони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Сулу» барқарор карда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Дӯстӣ аз қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Эргаш Сатторов боздид намуданд.

Замини наздиҳавлигии Э. Сатторов 0,27 гектарро ташкил дода, дар майдони 0,12 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхонаҳо помидор, қаланфури булғорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Дар 0,17 гектар гармхонаҳои мавсимӣ бодиринг ва ҳандалак парвариш карда мешавад.

Шаҳрванд Эргаш Сатторов дар суҳбат бо Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки аз қитъаи замини наздиҳавлигиаш солона 2-3 ҳосил рӯёнида, аз ин замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Сарвазир ва раиси вилоят бо ҳолати кори пойгоҳи обкашии №1-и мавзеи Гароутӣ низ шинос шуданд. Пойгоҳи обкашии №1-и мавзеи Гароутӣ аз 8 агрегат иборат буда, дар як вақт бо иқтидори аз 18 то 22 метри мукааб дар сония об мекашад, ки ба воситаи ин пойгоҳ ба пойгоҳҳои обкашии дигар об таъмин гардида, аз ҳисоби пойгоҳҳо як қисми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти “Деҳқонобод”, “Нури Вахш” ва “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо оби полезӣ таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Файзи 5»-и Ҷамоати деҳоти “Нури Вахш” ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, саҳмдоронро ба истифодаи боз ҳам пурсамари ҳар порча замин ҳидоят карданд. Масоҳати замини хоҷагии «Файзи 5» 5 гектарро ташкил дода, самти фаъолияташ сабзавоткорӣ мебошад. Дар хоҷагии мазкур айни замон зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла карам, лаблабуи сурх, картошка, ҳандалак ва дигар намуди зироатҳо кишт карда шуда, аллакай ба ҳосил даромадааст.

Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хоҷагӣ 2-3 маротиба ҳосил мерӯёнанд.

Сарвари хоҷагии деҳқонии «Файзи 5» Ваҳҳоб Турдиев зикр намуд, ки саҳмдорон солона то 80 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда, аз ин ҳисоб ҳам рӯзгор пеш мебаранд ва ҳам дар корҳои ободонии маҳал саҳм мегузоранд.