Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагони литсей-интернати давлатии деҳаи Шугнови Ҷамоати деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг шинос гардид.
Қайд гардид, ки литсей-интернати мазкур соли 2014 дар заминаи литсей-интернати хусусӣ таъсис ёфтааст.
Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон 148 хонанда таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 60 нафарашон аз оилаҳои камбизоат буда, дар хобгоҳ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ нигоҳубин карда мешаванд.
Ба тарбиятгирандагон дар литсей 12 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли 2019-ум 98%-и хатмкардаҳои ин литсей-интернат ба мактабҳои олии таълимӣ, аз ҷумла 2 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат, шомил гардидаанд.
Дар баробари дидорбинӣ аз тарафи раиси вилоят ба хонандагони литсей-интернат туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла либосҳои гарм ва шириниҳо, барои хобгоҳи литсей бошад, телевизорҳо тақдим карда шуд. Дар ин рӯз бо ибтикори соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар литсей хатнасури се кӯдак аз оилаҳои эҳтиёҷманд гузаронида шуд.
Раиси вилоят ба хонандагон таҳсили хубу аъло ва рафтори намунавӣ, инчунин ба омӯзгорони муассиса дар иҷрои рисолати муқаддасу ифтихориашон барору комёбӣ таманно намуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят