Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз ҳамчунин бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур ба маблағи умумии 5 миллиону 975 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Айни замон корҳои сохтмонӣ идома дошта, марҳилаи хобонидани қубурҳои об ба анҷом расида истодааст.
Ба раиси вилоят гузориш доданд, ки дар доираи лоиҳа бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳия ва дигар биноҳои ёрирасони он, аз он ҷумла ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1 ва 2 барориш, ҳавзҳои обтакшин, ҳавзҳои захиравӣ аз нав сохта шуда истодаанд.
Дар натиҷаи амалишавии лоиҳа аҳолии шаҳраки Балх – маркази маъмурии ноҳия ба таври шабонарӯзӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон