Субҳи имрӯз, 11 июн, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати барқароркунии канал дар ноҳияи Хуросон дидан намуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар натиҷаи омадани сели рӯзҳои 14-16 май шохаи рости канали калони деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ба дарозии 140 метр вайрон шуда буд. Канали шохаи рост 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд.
3 июн Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон” шинос шуданд.
М. Собирзода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон, ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки корҳои барқарорсозии канали обрави ноҳияи Хуросон бо васлу насби қубурҳои калони обгузари қутраш 1820 милиметр то имрӯз ба анҷом расидаанд.
Қарор аст, ки субҳи рӯзи оянда иншооти мазкур пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, обёрии заминҳо оғоз хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон