17-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти кишти тирамоҳӣ ба ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Фархор ва Темурмалик сафари корӣ анҷом дод.

Дар хоҷагии тухмипарварии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара раиси вилоят аз ҷараёни кишти ғалладонагӣ дидан намуда, баҳри истифодаи пурсамар аз ҳар порча замини корам, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дастуру супориш дод.

Пасон, Қурбон Ҳакимзода ба мавзеи Олимтойи ноҳияи Восеъ омада, майдонҳои киштшаванда ва раванди киштукори тирамоҳиро аз назар гузаронид.

Ҳангоми вохӯрӣ бо раисон ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Данғара раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар бораи иҷрои нақшаи пахтасупорӣ, анҷом додани киштукори тирамоҳӣ супоришҳо дода, қайд намуданд, ки аз ҳавои мусоид шабонарӯзӣ истифода баранд. Зеро аз 20-уми ноябр, тибқи маълумоти обуҳавосанҷон, тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст.

Тавре ки аз раёсати кишоварзии минтақа маълумот доданд, ноҳияи Фархор дар ин мавзеъ 31813 гектар замин дорад, ки то ба имрӯз дар 1666 гектар шудгор шуда, дар 600 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.

Ноҳияи Восеъ бошад, 386 гектар замин дошта, то ба имрӯз 340 гектар шудгор шудааст. Дар 320 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.

— Ноҳияи Муъминобод 586 гектар замин дошта, то ба имрӯз 574 гектар шудгор ва дар 220 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, — афзуд манбаъ. – Ҳамин тавр, ноҳияи Ҳамадонӣ 144 гектар замин дошта, то ба имрӯз 120 гектар шудгор шуда, дар 100 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Ноҳияи Данғара бошад, 144 гектар замин дошта, шудгор ва кишти тирамоҳи пурра гузаронида шудааст.

Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб 104 трактори пуриқтидор ба шудгори тирамоҳӣ машғул аст. Роҳбарони ноҳияҳо уҳдадор шуданд, ки киштукори тирамоҳиро пурра иҷро менамоянд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here