Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 2 январ, аз хоҷагии ниҳолпарварии “Пайванд”, воқеъ дар шаҳри Левакант, боздид намуданд.

Роҳбари хоҷагии мазкур Қиёмиддин Муъминов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 1,29 гектар иборат буда, 0,5 гектари он боғи модарӣ ва замини боқимонда макони ниҳолпарварӣ аст. Зикр гардид, ки дар ин мавзеъ зиёда аз 8,5 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаи пайвандӣ барои фурӯш омода карда шудааст, ки 2200 бехи он ниҳолҳои амрикоӣ мебошанд.

Боғпарвар Қиёмиддин Муъминов дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла себи навъи фуҷи, себи навъи голден делишес, зардолуҳои навъи маҳаллӣ, зардолуҳои навъи “Паттерсон”, “Кастлбрайт”, “Рабада”, “Лорна”, олуи навъи “Блекс-сплиндер”, бодоми навъи “Нон-парел”, шафтолуҳои навъи “Квин-крист”, “Флорида-принс”, “Флорида грант”, “Тропик биюти”, “Ангелус” парвариш карда мешавад.

Роҳбари хоҷагии ниҳолпарварӣ ҳамчунин майдони наверо барои омода кардани 25 ҳазор бех ниҳоли пайвандӣ омода кардааст. Барои мавсими соли 2021 хоҷагии ниҳолпарварии “Пайванд” 8 ҳазор бех ниҳолҳои анвои амрикоиро пайванд кардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баъди шинос шудан аз хоҷагии ниҳолпарварии “Пайванд” ба фаъолияти хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати гузаронидани семинари омӯзишӣ дар ин хоҷагӣ барои боғдорон, рушд бахшидани соҳа ва истифодаи самараноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here