Тавре, ки иттилоъ дода будем, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарор дорад. Нимаи дуюми рӯзи 23 июли соли равон сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ховалинг идома ёфт. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дидан намуданд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз рафти корҳои сохтмонии бинои МТМУ №4 барои 340 хонанда дар як баст дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ бунёд гардида истодааст, шинос гардиданд. Сарвазири мамлакат ба фаъолияти сохтмончиён ҷиҳати сифати хуби корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, баҳри сари вақт ва босифат анҷом додани кори сохтмонӣ маслиҳатҳо доданд. Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати мазкур низ шиносоӣ пайдо намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Асадулло Раҳимов бунёд гардида истодааст. Ба гуфти масъулон бунёди иншооти мазкур имкон медиҳад, ки 10 нафар занони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохтмони бинои Беморхонаи рақамӣ бо суръат идома дорад. Зимни боздид аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба пудратчиони иншоот суҳбат ороста ва баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо доданд.

Аксарияти иншоотҳои мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳайати гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, бо вазъи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, захираи хӯроки дурушди чорво ва фаъолияти боғдорон шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар ноҳияи Ховалинг тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ бунёд мегардад.

Сарвазири мамлакат ва ҳамроҳонаш аз рафти корҳои сохтмонӣ дар осорхонаи ба номи “Восеъ” дар мавзеъи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷонбахш дидан намуданд. Дар ин мавзеъ низ бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва корҳои ободонӣ бо суръат идома дорад.

Корҳои сохтмонии маҷмааи Нишон, Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ҷараён дорад.

Ноҳияи Ховалинг дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сарвазири кишвар зимни боздид аз мавзеи “Чилчанор”-и ноҳия ба масъулин ҷиҳати боз ҳам зебою ободии ин мавзеъ дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд. Зеро чанорҳои бузургу куҳансоли ин макон таърихи беш аз 800 сола дошта, сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ қомат афрохта истодааст. Сохтмони бинои Меҳмонхона дар маркази ноҳия низ далели ин гуфтаҳост. Бинои муҳташами зебою замонавии дуошиёна бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Одинаев қомат афрохта диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамояд. Сарвазири кишвар зимни боздид аз ин иншоот ҷиҳати бунёди босифати меҳмонхона ба соҳибкорону сохтмончиён баҳои баланд дод. Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои беморхонаи Марказии ноҳия дидан намуданд. Сохтмони биноҳои хизматрасонию маишӣ ва фарҳангию варзишӣ дар ноҳия ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Ҳамоми замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, анфитеатр ва ғайра бо сифати баланд анҷом ёфта истодааст. Корҳои ободонию кабудтизоркунӣ дар ин самт бо маром идома дорад. Бунёди иншоотҳои мазкур баҳри рушди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи боэътимод мегузорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here