Дар ноҳияи Қубодиён Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Ҳайталӣ” дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” дидан намуд.
Майдони умумии кишт дар ин хоҷагӣ 7, 3 га буда, дар 6 га пахта, дар 0,5 га полезӣ, аз он ҷумла помидор, бодиринг, дар 0,3 га беда ва дар 0,5 га маккаи дон кишт карда шудааст.
Роҳбари хоҷагӣ Илҳом Ишмуродов гуфт, ки дар ин ҷо 8 нафар саҳмдор фаъолият мекунанд.
Дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия, воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарвар боздид кард. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 69 га замин иборат буда, дар 4 га боғи себ, 1 га боғи бодом, 1 га боғи шафтолу, 25 га боғи зардолу, 5 га боғи олу, 14 га зардолубоғи нав бунёд гардидааст. Замини боғ пурсамар истифода гардида, дар байни қатори дарахтон кишти зироатҳо ва хӯроки чорво анҷом дода шудааст. Алҳол 57 нафар дар ин хоҷагӣ фаъолияти пурмаҳсчул доранд. Хоҷагии ниҳолпарварии мазкур бозорҳои дохили кишварро бо меваҳои хушсифат таъмин мекунад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода боғдорону кишоварзон, инчунин масъулони ноҳияи Қубодиёнро ба истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин, нигоҳубини дарахтон ва ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, мусоидат ба содироти мева ва дастгирии соҳибкорон муваззаф намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон