Рӯзи шанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳо шанбегии умумӣ баргузор гардид. Ба василаи ин чорабинии муфид хиёбону гулгаштҳои шаҳр ва дохилу атрофии худи ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо поккорӣ гардида, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар замъ намуданд.Акнун дар назар аст, ки аз ин пас ҳар рӯзи шанбе ба таври доимӣ ин чорабинӣ баргузор мегардад ва ба ин васила ҷараёни омодагиҳо ба худ вусъати тоза пайдо мекунад.