Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар бо баррасии масъалаҳои вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар марказҳои вилоятии стаматологӣ ва шаҳру ноҳияҳо, ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба беморон дар марказҳои бемориҳои пусту сирояткунандаи ҷинсии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он” доир гардид.

Баъди таҳлилу баррасиҳо муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират ба масъулин дастуру супоришҳо дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхир нопазир андешанд то сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ин ҳам беҳтару хубтар гардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here