Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар китобхонаи шаҳрии ба номи «Камоли Хуҷандӣ» семинари омӯзишӣ барои занон оид ба мавзӯи «Мақоми зан дар ҷомеа» гузаронида шуд. Дар он муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, иҷрокунандаи мудири бахши кор бо занон ва оила Маҳбуба Бобоҷонова, занони пешсафи шаҳр иштирок ва суханронӣ карданд. Ин ҷо масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Шоиста Абдуназарзода қайд дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи навини мо рӯз то рӯз боло меравад ва занон низ қатори мардон дар ҳама соҳаҳо пешрафт доранд. Дар шаҳри Бохтар низ занони зиёде дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият карда, дар пешрафти давлату миллат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Сипас, дигар иштирокдорон низ баромад карда, хусуси дастгириҳои давлату ҳукумат, фаъолияти занон, саҳми занон дар пешрафту шукуфоии диёр ва дигар самтҳои алоқаманд ба занон ҳарф заданд.

Дар семинари омӯзишӣ мавзӯи мазкур бо хуби мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд. Иштирокдорон аз семинари номбурда бардошти хуб карданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here