Дар Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши аҳли ҷомеа ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мисоли деҳаи Пушинг доир гардид.

Дар семинар муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Мақсад аз семинари мазкур омӯзишӣ ва шиносоӣ аз иншоотҳои сохташуда, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, мебошад.

Иштирокчиён дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара вохӯрӣ анҷом дода, сипас аз иншоотҳои деҳоти Пушинг аз ҷумла роҳи 18 километраи деҳоти Пушинг, ки деҳаҳои Ғиҷовак, Алиҷон ва Пушингро мепайвандад, дидан намуданд.

Инчунин меҳмонон аз варзишгоҳе, ки аз ҷониби соҳибкорӣ маҳаллӣ сохта шуда, маҳз бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст, шинос гардиданд. Бояд қайд намуд, ки варзишгоҳ барои 2 ҳазору 500 ҷойи нишаст сохта шуда, тарҳи наву замонавӣ дорад.

Дар майдони мазкур ҳамчунин Парчам ва Нишони давлатӣ афрохта шудааст, ки аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ башорат медиҳад.

Сипас, иштирокчиён вориди кӯчаи ҳунармандон гардида, аз ҳунарҳои волои чирадастони деҳаи Пушинг аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, курпачаю болиштдӯзӣ боздид намуда, аз ҳунарҳои қадима ва умуман саҳми беандозаи шахсони ватандӯсту худогоҳ дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор гаштанд.

Боздид аз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 имкон дод, ки меҳмонон аз шароити беҳтарину арзандаи таҳсил, ки баҳри хонандагони деҳаи Пушинг ба роҳ монда шудааст, шинос гардиданд. Муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда пешбинӣ шуда, бо шароити муосиру синфхонаҳои барҳаво утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ, синфхонаи компютерӣ ва дигар шароитҳои кориву таълимии муосир бунёд шудааст. Ҳамзамон дар ин боргоҳи илму маърифат дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст.

Бо таъсиси шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Пушинг мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, барои корафтодагон шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Солҳои пешин чандин километрро сокинон тай намуда ба маркази ноҳия беморони худро мебурданд. Акнун ин мушкилот ҳалли худро ёфта, сокинони маҳал аз иқдоми ташаббускорона ва некбинонаи соҳибкорон ва пеш аз ҳама аз ҳидояту дастгириҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Меҳмонон дар доираи сафар аз хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ – Лайло, ҳавзи моҳипарварӣ, ки маҳз бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтаанд, бардошти хуб намуданд.

Сипас, ҳаракат ба самти деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез ба вуқӯъ пайваст дар ин макон аз ду меҳмонахона ва маркази сайёҳӣ дидан намуда ба соҳибкорон барои бунёди чунин шароити арзандаву корҳои созанда баҳои муносиб доданд. Маркази хизматрасонии Файзи Карим дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара ва умуман иншооти таъиноти гуногун, ки дар деҳаҳои Пушингу Ғарғара қомат афрохтаанд садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Сехи бофандагӣ ва ҷуроббофӣ ба меҳмонон писанд омад. Корхонаҳои истеҳсолӣ дорои технологияи наву муосир буда, мутахассисони соҳа ба кор ҷалб гардидаанд.

Аллакай дар корхонаҳои нави истеҳсолӣ кор мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Онҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хешро аз маҳсулоти хоми ватанӣ тайёр намуда, бозорҳои дохилию беруниро бо маҳсулоти сифатан хуб ва дастрас таъмин менамоянд. Масъулони соҳа барои иҷрои саривақтии корҳо барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда шароити арзандаро фароҳам овардааст.

Ин ҳама ободию зебоӣ, сарсабзию хуррамӣ аз тинҷию ободӣ, пойдории соҳибистиқлолию ваҳдати комил маншаъ гирифта, маҳз бо дастгирию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватанӣ имкон ёфтанд, ки шароити арзандаро баҳри сокинони кишвар фароҳам биёранд. Ба ин васила ба садҳо нафар корҷӯён соҳиби ҷойи кор муаҳайё шаваду сатҳу зиндагиашон боз ҳам хубтару беҳтар гардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here