Рӯзи 22 октябри соли равон вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва “Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз нисбати занон” семинари минтақавӣ таҳти унвони “Таҳкими иқтидори намояндагони сохторҳои дахлдор вобаста ба принсипҳои амалкунии байниидоравӣ ҳангоми зӯроварӣ” дар тарабхонаи “Леваканд”-и шаҳри Бохтар гузаронида шуд, ки дар кори семинар сармутахассиси бахши кор бо оилаи раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Наимова. Г ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Хуросон ва Ёвон иштирок намуданд.