Субҳи имрӯз, 22 сентябр, дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш»-и ноҳияи Дӯстӣ ҳашари умумӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд.
Иштироки раиси вилоят дар ҳашари пахтачинӣ (ВИДЕО)
Дар ин кори дастҷамъӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ ва ташкилотҳои ноҳиявӣ, ҷамъан зиёда аз 3000 нафар ба кӯмаки деҳқонон пайвастанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо пирони кору собиқадорони меҳнат аз фаъолияти бисёрсола ва пурсамари онон ситоиш кард. Бо дуои кишоварзони солманд ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» шурӯъ гардид.
— Ҳосили пахта дар ин мавзеъ фаровон аст, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. — Бояд кӯшиш кунем, ки он беталаф ғунучин шавад. Зеро пахта бойигарии давлат ва асоси рушди иқтисодиёти мамлакат аст.
Раиси вилоят ҳамчунин аз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ даъват кард, ки дар даври дувуми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта фаъолона ширкат варзанд. Барои ноҳияе, ки дар ин мусобиқа ҷойи аввалро аз худ мекунад, дар ибтидои моҳи октябр15 ҳазор сомонӣ ҷоиза дода хоҳад шуд.
Ҳашарчиён бо ҷонибдорӣ аз ибтикори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки ду моҳи ояндаро “60 РӮЗИ МЕҲНАТИ ЗАРБДОР ДАР ПАХТАЗОР” эълон кардааст, бо рӯҳияи баланд ба чиниши пахта пардохтанд. Ин аксия то 16 ноябр — Рӯзи Президент дар саросари вилоят идома мекунад. Кишоварзони шаҳру навоҳие, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра таъмин мекунанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Барои ҳашарчиён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Дӯстӣ ғизои нисфирӯзӣ ва шароити мусоиди кор фароҳам оварда шуд.
Дар саҳро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин бо намояндагони ширкати ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Синсилу” суҳбат кард. Ин ширкат дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 2243 гектар пахта кишт кардааст. Гуфта шуд, ки ин навъи хитойии пахта буда, ҳосилнокиаш ба ҳисоби миёна 40 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад. Қарор шудааст, ки ин навъи пахтаи хушсифат ва серҳосилро “Тоҷикистон” ном диҳанд.
Дар ғунучини ҳосил аз техникаи муосир низ истифода мешавад. ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Синсилу” дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта дорад ва ҳосили ҷамъоваришуда дар ин ҷо коркард мешавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 21 сентябр кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 508 тонна ва аз аввали мавсим 6647 тонна пахта чидаанд, ки ба 38,7%-и дурнамои солона баробар аст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон