Дар ҷамъбасти даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2018” рӯзи 25-ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Ҷойи аввалро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовор шуд ва аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин ҷойи сеюмро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ноҳияи Ёвон сазовор шуд ва аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом, Ифтихорнома, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як адад асбоби мусиқии миллӣ (дутор) қадрдонӣ карда шуд.