Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода субҳи имрӯз аз рафти корҳои сохтусози манзилҳои нав барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон дар мавзеи Чорбоғ дидан карда, бо соҳибмулкони манзили #16 суҳбат оростанд.
Сироҷиддин Бобохонов, ки бунёди манзили зисташ ба итмом расидааст, арзи сипосу миннатдориашро барои ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи сокинони зарардида, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зоҳир мегардад, баён намуд.