Дар рафти боздид, аз ҷараёни фаъолияти Корхонаи филиали ҶДММ «Ваҳдат – Текстайл», ки 5 октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, шинос шуданд.
Тибқи маълумотҳо иқтидори солонаи филиали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кўлоб дар як сол зиёда аз 34 млн. ҷуфт ҷуроб буда, ба 01 апрели соли 2022 шумораи коргарон 96 нафарро ташкил додааст, бояд шумораи кормандон ба 430 расонида шавад.
Ба 1 апрел соли 2022 128 ҳазор ҷуфт ҷӯроб бо маблағи 280000 сомонӣ истеҳсол карда шуда, ба фурӯш бароварда шудааст.
Шумораи коргарон марҳилла ба марҳилла баъди омӯзиш ва гузаштани курсҳо зиёд карда мешавад.