Тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, мо ба Истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.

Дар паёмади дастоварди мазкур вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардозем. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бо ишора ба ин мавзӯъ қайд намуданд, ки “Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.

Самаранок истифод бурани нерӯи барқ дар шароити аз лиҳози экологӣ дигаргун шудани иқлим, аз ҷумла то 60% кам шудани оби дарёҳои Вахшу Панҷ ва то 16 метр поён фаромадани сатҳи обанбори Норак, ки таърихи тоҷикистон чунин нишондодро ёд надорад, амри зарурӣ мебошад.

Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст. Тарифи миёнаи як киловатт-соат нерӯи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон бо ҳисоб бо арзи миллии мо 30 дирам, Россия 38-40 дирам, Беларусия 44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла Дания, Олмон, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт соат барқ ҳамагӣ 17 дирам аст. Пас агар муқоиса кунем, аз ҳама барқи арзон дорем ва мебояд ба қадри он бирасем.

Зимнан, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

Ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расид, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам лампаҳои тафсон дар гардиши савдо қарор доранд ва баъзе сокионон бо дидани онҳо дар фурӯш оқибати манфии таъсирашро ҷиҳати талафоти нерӯи барқ фикр накарда, харидорӣ менамоянд ва мавриди истифода қарор медиҳанд.

Мо фаъолони ҷомеаро зарур аст тарғиботро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоем ва ба ҷомеа фаҳмонем, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ дар маҷмӯъ ба кори муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Агар мо дар робита ба ин масъала ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ нишон диҳем, ба натиҷаҳои дилхоҳ зудтар ноил мегардем ва дар ҳамаи фаслҳои сол аз норасоии нерӯи барқ ранҷу душворӣ нахоҳем кашид.

Ҳамзамон, месазад оид ба фоидаҳои истифода аз лампаҳои каммасраф сатҳи огоҳии мардумро баландтар созем. Лампаҳои каммасраф аз ҷиҳати сохт ва тарзи кор ду намуд мешаванд. Якум, лампаҳои люминестсентӣ, ки каммасраф дониста шудаанд ва кайҳо ба мо шиносанд. Ин навъи лампаҳо ҳанӯз дар даврони шӯравӣ дар истеҳсолот пайдо шуда, мавриди истифода қарор доштанд. Дар корхонаҳо, толорҳо, роҳравҳо ва хонаҳои истиқоматӣ аз онҳо пештар ҳам истифода мебурданд. Дар солҳои 70 ва 80-и асри гузашта бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли таҷҳизоти барқии Аврупо ба истеҳсоли ин лампаҳо оғоз карданд. Дуввум, лампаҳои диодӣ, ки мо лампаҳои каммасраф гуфта, пеш аз ҳама онҳоро дар назар дорем.

Ин намуд лампаҳо аз лампаҳои тафсон фарқ доранд. Онҳо аз чанд ҷиҳат бехатаранд. Барои муқоиса лампаҳои тафсон аз то 200 Вт қувваи ҷараён талаб намуда, ҳар лампа 1000 соат мӯҳлати истифода дорад. Лампаҳои люминестсентӣ аз 18 то 58 Вт қувваи ҷараён гирифта, 8000 соат кор мекунанд. Лампаҳои диодӣ аз 0,07 то 50 Вт қувваи ҷараёнро талаб намуда, то 100000 соат кор мекунанд. Ғайр аз ин, рӯшноии ин гуна лампаҳо ба рӯшноии рӯз наздик буда, ба узви босира зарар надорад. Лампаҳои диодӣ ва люминестсентӣ он вақт ба муҳит зарарнок мешаванд, ки шикананд ё аз кор бароянд. Дар асл онҳо хеле мустаҳкам буда, дуру дароз кор мекунанд. Мӯҳлати кафолатноки давраи истифодаи онҳо 5 сол ва мӯҳлати хидматашон 10 солро ташкил медиҳад. Тавре мутахассисон таҳлил намуданд, дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад, яъне иваз намудани лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион киловатт соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 мегаватт баробар аст.

Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф аз хароҷоти беҳудаи нерӯи барқ пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби кори дарозмуддаташон ба буҷаи оилавӣ манфиат меорем.

Ҳамзамон, омили дигаре, ки дар ҷомеа ба чашм мерасад ва ниҳоят таассуфовар аст, ин истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунакҳои барқӣ ва ё ба таври пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Ҳамарӯза аз тарафи мақомот даҳҳо ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ба истилоҳ барқдуздӣ ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода мешаванд, ки дар шаъни миллати бофарҳанги мо намезебад. Бахусус, чун 90%-и сокинони Тоҷикистонро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, анҷоми чунин амалҳо тааҷҷубовар аст. Зеро ҳар як мусалмон медонад, ки гармии нерӯи барқ ва равшании он ҳузури руҳу ҷон буда, дар айни замон рӯҳу ҷони мо амонати Парвардигор аст. Яъне анҷоми чунин амалҳои ношоиста ин худ хиёнат ба амонати Худованд мебошад. Дар воқеъ, чунин муносибат ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози маънавию динӣ ғайри қобили қабул аст ва бояд фавран ислоҳ карда шавад. Дар акси ҳол, аз тарафи сардори оила анҷом ёфтани чунин амалҳои ношоиста дар баробари хисороти молӣ ба буҷаи давлат, ҳамзамон ба рӯҳияи маънавӣ ва сатҳи тарбияи ахлоқии фарзандон низ таъсири манфӣ мерасонад. Падару модарон бояд дарк кунанд, ки бо ин амали худ фарзандони наврасу ҷавони худро дар рӯҳияи қонуншканӣ ва дуздиву фиреб ба воя мерасонанд, ки чунин рафтор дар ду дунё оқибатҳои манфиро дар пай дорад.

Дар робита ба ин масъала фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар ин самт ҳиссаи арзандаи худро гузошта, корҳои зеринро анҷом диҳем:

  • Ба дарки оммаи васеи ҷомеа расонем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар гашта, омили доимо таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад;
  • Истифода аз технологияи каммасраф, хусусан лампаҳои каммасрафро дар миёни ҷомеа ташвиқу тарғиб намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати аз муомилот пурра гирифтани лампаҳои тафсон ва лампаҳои каммасрафи сифаташон паст мусоидат намоем;
  • Дар рафти анҷом додани корҳои хайру сахо ба оилаҳои камбизоат дар баробари дигар маводи ниёзи аввалия, инчунин лампаҳои каммасраф тақдим созем;
  • Ҷиҳати пешгирӣ аз пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода бурдан аз нерӯи барқ миёни ҷомеа корҳои тарғиботӣ барем;
  • Бо дарназардошти вазъияти буҳрони экологӣ ва тағйирёбии иқлим ба дарки ҷомеа расонем, ки маҳз дар сурати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ метавонем зимистони имсоларо бе камбуди барқӣ паси сар созем ва ғайра.

Моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро бахотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.

Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси шаҳри Кӯлоб