Бунёди иншооти гуногун бо тарҳи муосир ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара боиси ободиву шукуфоии ин гӯшаи зархези Ватан гардидааст.

 
Бобомурод Қодиров, раиси ҷамоат, гуфт, ки сокинони бунёдкор, соҳибкорони саховатманду ҷавонмардони баору номуси деҳоти Сангтӯда дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади татбиқи дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тозагию ободонӣ ва шукуфоии диёр талош меварзанд. Бунёду навсозӣ, ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, тозаю дилкаш кардани ҳар кӯчаю маҳалла аз самтҳои муҳими кори сокинон мебошанд.
 
«Дар ин самт ҳамарӯза шоҳиди навгониҳое мегардем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дарак медиҳанд. Ин нукта бори дигар зимни ироаи Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ (26 декабр, соли 2019) зикр гашт: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то Ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардондани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем». Ин таъкидҳо моро водор менамоянд, ки дар ин раванд саҳми бештар гузорем», — иброз медорад ӯ.
 
Тибқи маълумот, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ дар деҳоти Сангтӯда бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим дар назар аст. То имрӯз аксари онҳо бунёду навсозӣ шуда, аллакай, ба сокинон хизмат мерасонанд.
 
Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анҷом расид. Навсозии биноҳои марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар метавонад ҷойҳои нави кориро фароҳам орад. Агар то имрӯз дар марказҳои саломатии деҳаҳо ҳамагӣ ду — се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 10 — 12 нафар расида, кори духтурон то андозае сабук гардид.
 
Иншооти ҷашнии дигар, ки дар деҳаи Навобод қомат афрохт, ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебошад. Инчунин, ба наздикӣ дар доираи корҳои созандагӣ маркази хизматрасонии муосир аз ҷониби соҳибкор Бахтовар Элҷонов дар деҳаи Сангтӯда бунёд ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ дуошёна буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва тарабхона мебошад. Баъди ба истифода додани марказ беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
 
Ба масъалаи таъмиру тармими роҳҳо ва чароғонкунӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва ҷавонони саховатпеша қариб 8 километр роҳи деҳаи Нурофарро асфалтпӯш карданд. Рӯзҳои наздик аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзо Саидов, дар маҷмӯъ, асфалтпӯш ва чароғоннамоии беш аз 10 километр роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Навобод ба анҷом мерасад. Сокинони маҳаллӣ низ аз ин амалҳои ободкоронаи соҳибкорон илҳом гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тариқи ҳашар ба тоза кардани роҳ, ҷӯйҳо, сафед кардани дарахтон, рангубори хонаву дар ва деворҳои гирди ҳавлии худ шурӯъ кардаанд. Дар ин самт низ соҳибкорону ҷавонмардони саховатпеша ба оилаҳои шароиташон маҳдуд ёрӣ мерасонанд.
 
Дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ, дар деҳаи Сангтӯда корҳои сохтмонии чойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ — «Амонатбонк», марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Гулистон, Навобод, Булакдашт дар деҳаи Нурофар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар деҳаи Зарнисор бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иншооти дигари ҷашнӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Ҳасан Абдуалиев, Насриддин Бобохонов, Дилшод Наботов, Шараф Эшпулотов, Раҷаб Давлат, Бахтовар Ибодуллоев, Абдулазиз Саидов бомаром идома доранд. Иншооти ҷашнӣ то соли 2021 марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои зоҳирии деҳот ва зиндагии сокинонро дигаргун менамоянд.
 
Боду ҳавои деҳоти Сангтӯда барои бунёди боғ хеле муносиб буда, дар ҳудуди он садҳо гектар боғ мавҷуд аст, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи хушсифат саҳм дорад. Танҳо давоми ду соли охир беш аз 11 гектар боғи нав бунёд шудааст.
Мо – сокинони деҳоти Сангтӯда аз бунёди иншооти нав, ки боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, шароити таълим ва, дар маҷмӯъ, ҳалли мушкилот гардид, шукргузор буда, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот миннатдории самимии худро баён менамоем. Бештари иншооте, ки имрӯз эъмор гардида истодаанд, қаблан орзую омоли мардум буд.