Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» бахшида ба 80 — солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оғози конфронс як гурӯҳ адибони тоҷик Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Парда Ҳабиб, Алиакбар Абдулло, Абдуқодир Раҳим, нависанда Абдулҳамид Самад, адабиётшинос Абдураҳмон Абдумононов бо сарварии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аёдати хонаводаи шоир рафта, бо завҷаи марҳум ва аҳли оилаи онҳо дидорбинӣ намуданд ва баъди дидорбонӣ ба оромгоҳи шоир Саидҷон Ҳакимзода рафта, ба рӯҳу арвоҳи шоир дуову дуруд хонданд. Сипас, ба муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53, ки номи устод Саидҷон Ҳакимзодаро дорад, ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи мактаб меҳмононро бо як гулчини шеъру суруд, ки аз офаридаҳои Саидҷон Ҳакимзода иборат буд, хонандагони мактаби мазкур ботантана пешвоз гирифтанд.

Баъдан, гурӯҳи меҳмонон ба Донишгоҳи давлати Кӯлоб, ки макони баргузории конфронс қарор дода шуда буд, ташриф оварданд.  Конфронсро Ректори донишгоҳ – Абдулло Ҳабибулло, доктори илмҳои физика – математика, узви вобастаи АИ ҶТ ифтитоҳ намуд. Дар ифтитоҳи конфронс мухтасаран оид ба ҷашнгирии 80-солагии шоири ширинбаён ва фазилатгӯву хоксор Саидҷон Ҳакимзода ва баргузории ин ҷашнвора ва ташрифи меҳмонон ва чопи маводҳои конфронс сухан карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Қайд кардан бамаврид аст, ки конфронс баъди ҷаласаи ифтитоҳӣ кори худро дар 2 бахш идома дод, ки дар он олимону пажӯҳишгарон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, коллеҷи омӯзгорӣ ва ҳаводорони шеъри шоир Саидҷон Ҳакимзода ширкат карда, маърӯзаҳои илмии худро ба ҳозирин расониданд.

Дар конфронс завҷаи шодравон Саидҷон Ҳакимзода ва фарзандону пайвандони шоир иштирок доштанд.

 Дар ҷамъбасти конфронс барои дар оянда ба баргузории чунин конфронсу шабнишиниҳои илмӣ аз иштирокчиёни он пешниҳоду таклифҳо ба Шӯрои олимон ва Раёсати илмии донишгоҳи мазкур ироа карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here