20 июни соли ҷорӣ  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ба аёдати Боев Амон –раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатӣ минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рафта аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти  кории корхонаи собиқадорон бохабар шуда, кумаки пулию молии раиси вилояти Хатлонро ба собиқадор Боев Амон ва кормандонаш расонид.

   Сафарзода Ғазалшоҳ  бо кормандони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбатҳо ороста, қайд намуд, ки кори Шӯроро ҷонок намуда нақша-чорбиниҳо тартиб дода, дар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо гузаронида аз масъулони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал оранд, ки аз собиқадорони ҷангу меҳнат, ки солиёни дароз ба халқу ватанашон хизмати шоёна кардаанд аёдат намуда дастгирияшон намоянд.

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here