Дар доираи сафари расмии Муовини раиси девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Туркменистон Рашид Мередов ба вилояти Хатлон бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз лоиҳаи ангоравии сохтмонии МТМУ №8 барои 540 ҷой нишаст дар деҳаи Ғаллаободӣ Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дидан намуданд. Сокинони заҳматқарини ноҳияи Дӯстӣ меҳмононро дар фазои хушнудӣ ва оини неки тоҷикона истиқболи самимӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмонии МТМУ №8 барои 540 ҷой нишаст дар деҳаи Ғаллаободӣ Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Туркманистон сохта мешавад. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки бо истифода аз шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва муҷҷаҳаз бо синфхонаҳои барҳаво мавриди баҳрабардорӣ дар муҳлати муаянгардида мавриди истифода қарор дода шавад.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид дар навбати аввал изҳори сипос ва минатдории худро ба Муовини раиси девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба вилояти Хатлон ва саҳмгузорияшон дар рушди робитаҳои дӯ давлат баён намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад. Дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони оилаҳои туркмантабор метавонанд бо забони туркманӣ таҳсил намоянд. Рақамҳои болозикр натиҷаи заҳматҳои самарабахш ва бозгӯйкунанда аз сиёсати неки ду давлати дӯст мебошад.
Дар идома ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстию рафоқат раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва Рашид Мередов дар раванди оғози кишти пахта дар хочагии деҳқонии Эргаш Султонов иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат таъмин намудани амнияти озуқавории аҳолӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳаи саноати кишвар буда, дар ин самт таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Ноҳияи Дӯстӣ дар қисми ҷанубии вилояти Хатлон ҷойгир буда, кишоварзони он дар як сол то ду-се ҳосил аз як қитъа замин ба даст меоранд. Ба гуфтаи мутахассисон омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокии замин, сари вақт таъмин намудани он бо доруҳои минералӣ, пору ва нобуд сохтани ҳашаротҳои зараррасон мебошад. Хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов дар ноҳияи Дӯстӣ яке аз пешқдамони самти кишоварзӣ буда, ҳамасола аз киштӣ пумбадона ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Сипас, дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ вохурии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Муовини раиси девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Туркменистон Рашид Мередов бо сокинони туркментабори ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Дар навбати аввал раиси вилоят Давлаталӣ Саид меҳмононро барои ташриф оварданашон хараймақдам намуда иброз намуданд, ки тайи ин солҳо ҳамкории давлатҳои мо ба таври фаъол рушд ёфта, имрӯзҳо бемайлон мустаҳкам гашта истодааст. Фаъолияти василаҳои муассири ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ шуда, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд.
Дар баромади хеш Муовини раиси девони вазирон- вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов иброз дошт, ки анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат, бародарӣ ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд. Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд. Дар ин раванд ва робитаҳои нек заҳматҳои сарони давлатҳо назаррас арзёбӣ мегарданд.
Сипас, ҳамчун рамзи эҳтиром як қатор сокинон баромад намуда, минатдории худро ба муовини раиси девони вазирон- вазири корҳои хориҷии Туркменистон Рашид Мередов барои ташриф оварданашон ба ноҳияи дӯстӣ ва вохӯрӣ бо сокинони турмантабори ин ноҳия расонданд.