Рӯзи 10 марти соли ҷорӣ тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо сафари корӣ ташриф овард. Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ кард.
Нахуст аз корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Ёхсу, ки дар мавзеи «Комбинати хонасозӣ»и шаҳри Кӯлоб воқеъ аст, боздид намуд.
Тибқи маълумотномаи Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селпартовҳо дар мавзеъҳои зерин иҷро гардидаанд. Аз ҷумла: Барқарорсозии сойи Даҳана дар мавзеъи Хоҷа- Исҳоқ ва Ҷерқала бо иҷрои корҳои заминӣ — 895 м3, насби тахтасангҳо- 80 м3, барқарорсозии дарёчаи Кӯлоб дар мавзеъи Лағмон-2 (Нобиноён) бо иҷрои корҳои заминӣ -320 м3, насби тахтасангҳо-32 м3, дар сойи Зиракӣ иҷрои корҳои заминӣ -195 м3, насби тахтасангҳо-24 м3, дар сойи Паҳмдара корҳои замини 1395м3.
То ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ҳисоби захираҳои тахтасангҳои оҳану бетонии ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ ба шаҳри Кӯлоб 150 адад тахтасангҳо ворид карда шуда, дар мавзеъҳои хавфнок хобонида шуда 35- адад тахтасангҳо дар захираи Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр қарор доранд.
Инчунин гуфта шуд, ки вобаста ба пешгирии офатҳои табиӣ баҳри иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб ба миқдори муайян масолеҳи сохтмонӣ аз ҳисоби захираҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ дар маҳаллаҳои Чаманзор ва Хати Роҳ ва дар мавзеъҳои зарардидаи маҳаллаҳои Содиқов, Даминзода, А.Ҷомӣ, Чармгарон, Фирдавсӣ ва Хати Роҳ истифода бурда шудаанд.
Дар вақти шиносоӣ Сарвазири мамлакат ба масъулон оид ба босифат ва саривақт анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дастуру супоришҳо доданд.