Имрӯз, 9 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Муъминобод дидан намуд.
Сарвазири мамлакат ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва иншоотҳое, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохта мешаванд, боздид карданд.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бо рафти сохтмони Боғи фарҳангии ноҳия, ки дар маркази Ҷамоати шаҳраки “Муъминобод” бунёд шуда истодааст, шинос шуда, барои дар муҳлати муқарраргардида анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ба масъулин тавсияҳои муфид дод.
Сипас, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази мобилии “Тcell”, корхонаи саноатии коркарди шир ва дар замини назди корхонаи мазкур боғи интенсивии бунёдшудаистода шиносоӣ пайдо карданд.
Дар рафти сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят аз рафти кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии «Наҷот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров дидан намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки то имрӯз дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 1200 гектар кишти картошка ба итмом расида, кишти картошка бомаром идома дорад.
Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии Қурбон Ҳакимзода инчунин аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” ва мавзеи он бунёд шуда истодаанд, дидан намуд.
Қобили зикр аст, ки дар мавзеи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ роҳи 12 километраи Чидухтарон – Ховалинг таъмир шуда истодааст ва то ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон