Имрӯз дар доираи сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб аз рафти иншоотҳои ҷашние, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди бунёд қарор ёфта истодаанд, дидан намуданд.  

Аз ҷумла зимни боздид меҳмонон аз рафти сохтмони бинои маъмурӣ- таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷуён ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, аз фаъолияти ҶСК «Сомон — Кӯлоб таҷҳизот», азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бинои бисёрошёна, китобхона, кинотеатр, намоишгоҳ, маркази хизматрасонии фарҳангӣ ва меҳмонхонаи миллӣ, аз фаъолияти идораи обу канализатсияи шаҳр ва насби 2 адад насоси ЦН 400/200 ва 1 адад Д-1250/210 таъмини оби нӯшокиро беҳтар намуд, рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, сохтмони бинои Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб, таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ дар марҳилаи сеюм, сохтмонӣ бинои 9 ошёнаи хобгоҳи донишҷуёни  Коллеҷи тиббӣ барои 700 ҷой шиносои пайдо намуданд.

Зимни боздид Сарвазири мамалакат ба масъулон таъкид доштанд, ки иншоотҳои мазкур бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуда, то солҳои зиёд ба мардум хизмат намоянд.