Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №29 ширкат варзиданд.

Тавре иттилоъ дода будем рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва 18 – уми анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, 67 оила зиёни сахт дида буданд. Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида дасти кӯмак расонида шуд. Ҳам бо масолеҳи сохтмонӣ ва ҳам бо маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, барояшон ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид. Ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, боздид аз ин мавзеъ ва суҳбату мулоқот бо сокинони деҳаи 30–солагии истиқлолият ба мардуми зиёндида дилгармии хоса бахшид.