27-уми апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ бо мақсади мулоқот бо шаҳрвандони шаҳру деҳот ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят пеш аз оғози мулоқот ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафт. Аз ҷумла, ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Мирзо Бекматов рафта, аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагии ӯ шинос шуд. Ба ӯ ҳамчун собиқадор аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим кард. Зикр кардан ба маврид аст, ки Мирзо Бекматов 95 сол дошта, баъди баргаштан аз ҷанг солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ адои вазифа намудааст. Айни ҳол, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлобро ба уҳда дорад. Ў шукрона аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунад ва иброз медорад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем.
Сипас, Раиси вилоят аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагии Бобоҷон Азизов шинос гардида, туҳфаҳо аз номи Ҳукумати мамлакатро тақдим намуд. Дар аёдат Бобоҷон Азизов, ки солҳои охир ба беморӣ дучор гардидааст, аз ин аёдати Раиси вилоят хеле хушнуд гардида, иброз дошт, ки имрӯз ӯро ёру дӯстон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб танҳо нагузоштаанд, тез-тез ба аёдати ӯ меоянд. Шукрона аз сиёсати фарҳангии Сарвари кишварро мекунад, ки имрӯз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯъ карда истодаанд.
Бобоҷон Азизов 70 сол дошта, дар иҳотаи фарзандонаш давраи пирӣ меронад. Хизматҳои ӯро Ҳукумати Тоҷикистон ба назар гирифта, ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро сазовор гардонидааст. Ў солҳои тӯлонӣ (50 сол) дар соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Баъдан Раиси вилоят собиқадори меҳнат Смирнова Екатерина Дмитриевнаро аёдат намуда, ба ӯ туҳфаҳо тақдим намуд. Собиқадори меҳнат Смирнова Екатерина ҳангоми аёдат иброз намуд, ки ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии Лукянов, бо роҳхати комсомолӣ ба Тоҷикистон ба кор меояд. Фаъолияти омӯзгориро аз мактаби Суворови ноҳияи Ховалинг оғоз карда, баъдан дар дигар мактабҳои собиқ вилояти Кӯлоб кор карда, аз соли 1964 то ба нафақа баромаданаш дар мактаби миёнаи №10-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти рус фаъолият кардааст. Айни ҳол 81 сол дорад ва дар иҳотаи фарзандонаш давлати пирӣ меронад. Вай шукрона аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро мекунад, ки имрӯз тинҷию ободӣ дар Тоҷикистон ҳаст. Инчунин, аз шогирдони тарбияткардаи худ мефахрад, ки ӯро тез-тез аёдат мекунанд.
Баъдан, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аввалан мулоқот бо шаҳрвандон ва баъдан маҷлис бо фаъолон ва сокинони шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло муҳтарам Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбонро бо гурӯҳӣ корӣ хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Раиси вилоят дод.
Раиси вилоят, маҷлисро кушода, мулоқот бо шаҳрвандонро оғоз кард. Моро зарур аст, ки — иброз намуд раиси вилоят, — доимо аз ҳолу аҳволи мардум бахусус, беморону собиқадорон ва куҳансолон пурсон шавем. Зеро мо ба халқ бояд хизмат намоем, на халқ ба мо.
Дар мулоқот 19 нафар шаҳрвандони шаҳру деҳоти Кӯлоб арзу шикоятҳои худро ба Раиси вилоят иброз намуданд. Дар натиҷа Раиси вилоят масъулони соҳаҳои гуногуни шаҳру вилоятро муваззаф намуд, ки нисбати ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон дар муҳлати муқарраршуда чораҳои зурурӣ дида ва аз натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳисобот пешниҳод намоянд.
Баъдан, Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло оид ба натиҷахои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии 3-моҳа ва иҷрои Нақша чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи мухтасар дод.
Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба камбудиҳои ҷойдошта таъкидҳо карда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Раиси вилояти Хатлонро дар сафари корӣ гурӯҳи корӣ ва намояндагони ВАО-и вилоятиву минтақавӣ ҳамроҳӣ карданд.