Рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Мақсад аз ин сафар мулоқот ва вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Темурмалик ва шиносоӣ аз рафти иҷроиши Амри Президентиҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентиҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста баҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят пеш аз оғози мулоқот ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафт.
Сараввал, иштирокчии ҶБВ сокини деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Қарақамиш Икром Давлатовро аёдат намуд. Зокир Давлатов 95 сол умр дошта, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1941 то соли 1945 дар Фронт иштирок карда, баъдан то соли 1970 дар колхози ба номи Ленини н.Данғара ҳисобчӣ шуда кор кардааст. Баъдан, то соли 1976 дар идораи ҷангали ноҳияи мазкур кор карда, аз ҳамон сол то нафақа баромаданаш дар хоҷагии давлатии Кангурт фаъолият кардааст. Оиладор, соҳиби 3 нафар фарзандон мебошад. Айни замон бемор буда, бистарӣ аст.
Ҳангоми ташриф Раиси вилоят ба ин оила кумакҳо иборат аз орду равған, пиёзу картошка, гӯшту биринҷ ва маблағи пулӣ дод.
Сипас, аз ҷараёни корҳои сохтмонии Кохи фарҳангии деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти Бобоюнус, ки аз маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда истодааст, шиносоӣ намуд. Дар рафти шиносоӣ оид ба беҳбудӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони сохтмони ноҳиявию минтақа супоришҳо дод.
Баъдан, аз зисту зиндагии собиқадори меҳнат, сокини ҷамоати шаҳраки Совет Гулчеҳра Неъматова, ки аз оилаи ҷанговар мебошад, ошно гардид. Мавсуф 71 сол умр дошта, то соли 1996 дар идораи шабакаҳои гармидиҳии ноҳия ба ҳайси посбон кор кардааст. Падараш Исуфов Неъмат иштирокчии ҶБВ буд. Дар ҷанг ҳалок гардида, хати сиёҳаш омадааст. Ҳоло ӯ маъюби гурӯҳи 1–ум буда, бемории бистарӣ аст. Раиси вилоят ба ин оила низ кумакҳо намуд.
Инчунин, Раиси вилоят собиқадори меҳнат, ходими давлатиюҷамъиятӣ Умурзоқ Ахмедовро низ дар манзили истиқоматиаш аёдат намуд. Умурзоқ Ахмедов 90 сол умр дорад. Зодаи деҳаи Давадиҷамоати С.Раҳимови ноҳия буда, то ба хизмати ҳарбӣ рафтанаш дар мактаби деҳа омӯзгор шуда кор кардааст. Баъди хизмати ҳарбӣ то соли 1954 омӯзгор, солҳои 1954-1956 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, солҳои 1957-1959 директори мактаб, солҳои 1959-1960 мудири кабинети сиёсии кумитаи ҳизбии ноҳия, солҳои 1960-1963 мудири шуъбаи маориф, соҳои 1963-1969 нозири соҳаи маорифи назорати ҳизбию давлатии КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Аз соли 1969 то соли 1989 раиси Кумитаи назорати халқии ноҳия то ба нафақа баромаданаш кор кардааст. Айни ҳол бемор аст. Ба ин шахси фидоӣ низ маводҳои ғизоӣ ва кумакпулӣ дода шуд.
Баъди аёдат аз рафти корҳои сохтмонии Маркази хизматрасонӣ иборат аз Кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона ва дигар нуктаҳо, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Пайванди Хайриддин сохта шуда истодааст, дидан намуданд.
Тибқи барномаи сафари корӣ чорабинии рӯзи қабули шаҳрвандон ва мулоқот бо фаъолони ноҳия дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия ҷараён гирифт.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин Муҳриддин ҳозиринро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Раиси вилоят дод.
Муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷаласаро оғоз бахшида, сараввал аз супоришу таъкидҳои Пешвои муаззами миллат оид ба корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияи кишвар, ки имрӯз бо маромҷараён дорад, ёдовар шуд. Инчунин, афзуд, ки – «Дар бораи ғамхорӣ кардан ба он нафароне, ки солхӯрдаю нотавонанд, камбизоту маъюбанд кумак намудан дар ин моҳи шарифи Рамазон савобияти зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ин корро пешаи худ намоем.»
Сипас, аз ҷамъовари хӯроки дурушти чорво ҳарф зада, таъкид дошт, ки – Имсол, барои мардуми ноҳияи Темурмалик соли бобарор омадааст. Ҳар як рӯзи баҳориро бояд самарнок истифода бурд, зеро як «рӯзи баҳор пур кунад анбор» гуфтани халқамон беҳуда нест. Аз ин сабаб, аз хурд то калон бояд баҷамъоварии ин ҳосил бояд сафарбар карда шаванд. Солҳои пешин мардум шабона дарав мекарданд. Имсол бошад, ҳаво салқин омадааст. Ду рӯз пас, ҳосили гандумроҷамъоварӣ кардан зарур. Барои ҳамин аз техникаҳои ҳозиразамони алафдаравӣ истифода бояд намуд. Ба талафи ҳосил роҳ додан нашояд. Бойигарии мардуми ноҳия ин захираи 2-3 солаи хӯроки дурушти чорво дар баробари парвариши дигар маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ маҳсуб меёбад.
Баъдан, тибқи масъалаи якуми маҷлис арзу доди шаҳрвандон шунида шуд. Дар вохӯрӣ 9 нафар сокинони ҷамоатҳои мухталифи ноҳия аз рӯи проблемаҳои гуногун, ба мисолиҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, маркази хизматрасонӣ, маркази савдо (бозор), ноқилҳо барои кашидани хатти барқ, трансформатор, симчӯбҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, танқисии оби нӯшокӣ, ва як пешниҳод барои сохтмони обанбор муроҷиати шифоҳӣ намуданд. Раиси вилоят арзи ҳар якеро гӯш дода, ба масъулин супориши мушаххас оид ба иҷрои ин масоилро таъкид намуд.
Тибқи масъали 2-юми ҷаласа, Ҳисоботи мухтасари раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти ҳамаи корҳо дар 4 моҳи соли равон шунида шуд.
Раиси вилоят баъди шунидани ҳисоботи раиси ноҳия оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар системаи андоз, бақияпулиҳо, тандурустӣ (нарасидани мутахассисон), савдо, хизматрасони пулакӣ, теъдоди ками боғчаҳои кӯдакона, кишоварзӣ, саноат, пиллакорӣ изҳори назар карда, барои ҳарчӣ тезтар бартараф кардани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Баъди анҷоми ҷаласа, тибқи барномаи сафари корӣ Раиси вилоят аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии Боғчаи кӯдаконаи №1, ки аз тарафи соҳибкор Нурулло Зокиров шуда истодааст, дидан карда, ба соҳибкор маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии варзишгоҳи маркази ноҳия шиносоӣ карданд. Баъдан, аз бинои меҳмонхонаи «Шукрона», ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Қармишев Лутфулло дар манзили истиқоматиаш бунёд кардааст, дидан намуданд.
Баъди боздид аз корҳои сохтмонӣ ва ободонии ноҳия тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба роҳбари ноҳия ва муовинони соҳавӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидан баҷараёни кори онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Гуфтан ба маврид аст, дар рафти шиносоӣ аз корҳои сохтмонӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳия раиси вилоятро роҳбари ноҳия, масъулон ва намояндагони ВАО-и вилоятиву минтақавӣ ҳамроҳӣ карданд.