Рӯзи, 2 июн, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард.
Нахуст, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ варзишгоҳ, ки барои 6000 ҷойи нишаст дар деҳаи Кангурт дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, боздид ба амал овард.
Маълумот дода шуд, ки масоҳати иншооти мазкур дар 13651 метри мураббаъ сохта шуда, инҷониб корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 385 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст ва дар ин самт корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 25-30 нафар бо ҷои кори мувваққатӣ таъмин гардидаанд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъи дарёи оби Тоҳир, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт шиносоӣ намуд.
Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 15 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷои корӣ муваққатӣ таъмин карда шудаанд.
Тибқи лоиҳаи мазкур, баъд аз дамбабандӣ намудани дарёи Оби Тоҳир дар гирду атрофи варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст тибқи нақшаи генералии деҳоти Кангурт боз ҳам барои ободу зебо гардонидани деҳаи Кангурт иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шуда, бунёд мегарданд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми боздид, раиси вилоят аз иншооти сохташаванда, ба масъулон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, дастуру тавсияҳои муфид доданд.