20 апрели соли 2019 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоятро дар даромадгоҳи ноҳияи Муъминобод,ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин фаъолони ноҳия истиқбол намуданд.

     Дар рафти сафари кори Ҳакимзода Қурбон шиносои аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Тутуи Ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин,  фаъолияти фабрикаи парандапарварии «Якарча»-и ҷамоати деҳоти Деҳибаланд, рафти корҳои сохтмони дар бинои истиқоматии 36 ҳуҷрадор, прокуратура ва таъмиру азнавсозии як қисмати роҳи пиёдагард ва биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи ба номи Т. Раҳимов,  корҳои сохтмони бинои беморхонаи вилоятии бемориҳои қалб дар кӯчаи ба номи  Мирзо Турсунзода,  рафти корҳои сохтмону ободкориҳо дар нуқтаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румӣ, корҳои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ,  рафти корҳои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар кӯчаи ба номи С. Назаров, рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар корхонаи саноатӣ, воқеъ дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти   «Деҳибаланд» пайдо намуда, барои  бозҳам хубтар мустаҳкам намудани соҳилҳо ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншотҳои  ҷашнӣ  ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.

    Ҳамчунин дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба аёдати собиқадорони меҳнат — Одинаев Мирзохон,  Мирзоева Зулайхо  ва Сабралиев Узрбек рафта аз ҳолу зиндагии онҳо хабар гирифта бо ин нафарони рӯзгордида ва таҷрибадор суҳбатҳо намуданд. Собиқадорони меҳнат аз он хушбахтанд, ки чунин як Сарвари ғамхору мерубон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки бо шарофати ин Марди бузург дар як фазои орму осуда умур ба сар бурда истодаанд. Дар ин баробар аз тарафи раиси вилоят ба ин шахсони рӯзгордида кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд.

         Ҳакимзода Қурбон баъд аз шиносоӣ  бо иштироки  фаъолон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҷаласаи корӣ доир намуда, оид ба кишту кори баҳорӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, ҷамъоварии беталафи зироатҳо ва ба ин васила пуркардани бозорҳои Ватани азизамон ва инчунин бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншотҳои ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here