Субҳи 21-уми апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баъди боздид ва шиносоӣ аз рафти иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо ҳайати гурӯҳи корӣ ташриф оварданд.
Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоятро ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз рафти сохтмон ва азнавасозии иншоотҳои ҷашнии ноҳия раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам роҳнамоӣ намуда, сараввал шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмони бинои ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ оғоз карданд. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят аз масъулини ин соҳа пурсишҳо намуда, оид ба сари вақт ба истифодадиҳӣ ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки бинои мазкур бо ташаббуси соҳибкорони ҳамин ҷамоат сохта ба истифода дода мешавад,- посух дод раиси маҳалла Бахтиёр Каримов.
Поинтар аз иншоти мазкур Маркази саломатӣ бунёд шуда истодааст, ки он аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор меёбад.
Инчунин, дар ҷамоати деҳоти мазкур сохтмони Бинои иловагӣ дар назди муассисати таълимии №4 барои 400 хонанда дар як баст то ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мариди истифода қарор меёбад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Лоиҳаи он ба воситаи Фонди Саудии Рушд амалӣ мегардад.
Сипас, гурӯҳи корӣ бо сарварии Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмони қабулгоҳ ва мавзеи сайёҳии «Сангтӯда»-и Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, дидан намуданд. Дар наздикии ин мавзеъ хоҷагии деҳқонии Сурӯши 1, сарвариашро Саймириддин Ғафуров ба уҳда дорад, ният доранд, ки дар мавсими имсола дар майдони 5 гектар картошка коранд. Айни ҳол дар ин хоҷагӣ 16 нафар коргарони мавсимӣ ба кор машғул ҳастанд. Аз тарафи Раиси вилоят ба сардори хоҷагии деҳқонӣ оид ба кишти барвақтӣ кардани зироатҳои гуногуни полезӣ ва парвариши чорво, ки ба шароити ин мавзеъ мувофиқ аст, тавсияҳо дода шуд.
Аз рафти корҳои ободонӣ дар Осорхонаи ба номи Восеъи Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт низ дидан намуданд.
Баъдан, аз рафти корҳои сохтмони ҳамом, 3 майдончаи варзишии хурд, ҳавзи шиноварӣ, Амфитеатр, таваққуфгоҳи чархбол, азнавсозии майдони варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Ховалинг шиносоӣ пайдо карданд. Тибқи барномаи сафари корӣ шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматӣ анҷом дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Ховалинг Беморхонаи марказӣ барои 40 кат- 20 кат барои ҷарроҳӣ ва 20 кат бемориҳои амрози даруна аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта шуда истодааст ва гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии ин иншоот низ шинос гардиданд.
Баъди шиносоӣ аз сохтмон ва азнавсозии иншооти гуногунсоҳа муҳтарам Ҳакимзода Қурбон чун анъана аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагонии собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ноҳия зиндагӣ мекунанд, аёдат намуд. Сараввал аз зисту зиндагии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулло Самиев, ки 94 сол умр дорад дидан намуд ва ба ӯ туҳфаҳоро аз номи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Лозим ба ёдоваристи, ки Абдулло Самиев дорои медалу орденҳои «Медали Юбилейи», «Георгий Жуков», «50 -солагии Ғалаба», «60- солагии Ғалаба», «65-солагии Ғалаба», «70-солагии Ғалаба» мебошад. Айни ҳол дар иҳотаи фарзанди ягонааш шукрона аз Сарвари давлати Тоҷикистон намуда, давлати пирӣ меронад.
Баъдан, ба хонаи собиқадори меҳнат Мошариф Туманова ташриф оварданд. Мошариф Туманова, ки дар интернати бепарастони н.Балҷувон (он вақт Сарихосор) ва баъдан дар ш. Кӯлоб бавоя расидааст, баъди хатми коллеҷи тиббии Сталинобод (ҳоло ш.Душанбе) 50 –сол дар ноҳияи Ховалинг ба ҳайси момодоя ба мардум хизмат кардааст. Барои фаъолияти пурсамараш аз тарафи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба унвонҳои «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «100-солагии В.И.Ленин» ва «Зарбдори меҳнати сотсиалистӣ» қадрдонӣ карда шудааст. Фарзандонаш аз пайи касби модар рафта, дар хизмати халқу ватан қарор доранд ва шукронаи ободию озодӣ ва Сарвари давлатро менамоянд. Раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон туҳфаҳоро ба собиқадори меҳнат Мошариф Туманова супурд.
Собиқадори соҳаи маориф Исмат Одинаевро низ Раиси вилоят аёдат намуд ва ба ӯ туҳфаҳо тақдим кард. Исмат Одинаев тӯли 57 –сол дар соҳаи марорифи ноҳия дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Бо мукофотҳои давлатӣ «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Комитети марказии партияи Коммунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Ветерани меҳант» сарфароз гардидааст.
Баъди боздид аз иншоот ва корҳои ободонию созандагии ноҳия дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки васеи ҳайати расмӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва минтақавӣ ҷаласа ва мулоқот баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷаласа комёбиҳои ноҳия ва ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи мухтасари Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввал оид рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сохтмон ва кишоварзӣ шунида шуд. Баъдан Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба фаъолияти Раиси ноҳия баҳои хуб дода, оид ба камбудиҳои ҷойдошта таъкидҳо карда, оид ба бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.