Дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироатҳо, ҳамчунин кишти пунбадонаро оғоз бахшиданд.
Имрӯз, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар оғози маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқони — фермерии Зумрад-1 ширкат варзид.
Бо фаро расидани фасли баҳор ташвишу тараддуди мардуми зиёд мегардад. Зеро дар ин рӯзҳои баҳорӣ кишоварзон омодагӣ ба кишти зироати гуногун, бахусус пахта мегарданд. Дар қисмате аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои ҷанубии вилоят деҳқонон ба кишти пунбадона оғоз бахшидаанд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ заҳматкашон ба кишти баҳорӣ қаблан омодагӣ гирифта, дар ин шабу рӯз корҳои саҳроӣ, бахусус кишти пунбадонаро вусъат мебахшанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонӣ фермерии Зумрад 1 – и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия иштирок намуданд. Чун анъана маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии мазкур бо дуои пирони рӯзгор, деҳқонони асил оғоз карда шуд. Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и “Зумрад-1”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ҷойгир буда, аз соли 2010 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ ҳадаф доранд дар майдони 15 гектар кишти пунбаро ба роҳ монанд.
Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамасола бо меҳнати аҳлона, истифодаи оқилонаи обу замин, дастуру тавсияҳои мутахассисони соҳа аз дони киштаашон боздеҳи хуби маҳсулоти гуногун аз ҷумла пахтаро ба даст меоранд. Деҳқонони боазму иродаи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа ва анҷом додани кишти дилхоҳ зироат дар муҳлатҳои пешбинишуда ҳамасола боздеҳи хуби дони киштаашонро ба даст меоранд.
Тибқи иттилои додашуда соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 9820 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ҳадаф доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи пахтаро ба роҳ монанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кишти пунбадона бомаром идома дорад.