Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни таъмиру бозсозии роҳ дар деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри Левакант боздид карданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Хуррамдеҳ бо ҷалби маблағҳои худӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км таъмиру мумфарш намоянд.
Айни замон аз тарафи сокинон ба таври дастаҷамъӣ 2,2 км роҳ мумфарш карда шудааст. Маблағгузорӣ тариқи ҳашар ва саҳми ҳар як сокини маҳал, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия ба роҳ монда шуда, бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳар як сокини маҳал саҳми худро гузоштааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи дастандаркорон, соҳибкорони деҳа барои амалисозии ин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуда, дар сохтмони қисмати боқимондаи роҳ барор хостанд. Инчунин, ҷиҳати тақвияти корҳои роҳсозӣ дар маҳал раиси вилоят қайд карданд, ки ду мошин битум ёрӣ мерасонанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон