Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти сохтмони Маркази савдо ва хизматрасонӣ, меҳмонхона дар деҳаи Сабзавоткорони Ҷамоати деҳоти «Узун» дидан намуд.
Дар он нуқтаҳои тиҷоратӣ, мағозаҳо, меҳмонхона бо шароити муносиби қабули 30 нафар сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар як вақт ҷойгир шудаанд. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Моҳсафар Ҳакимова бунёд гашта истодааст.
Арзиши лоиҳавии сохтмон се миллиону сад ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва пудратчии он ҶДММ «Абдурасул» мебошад.