Имрӯз, 22 ноябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Норак ташриф овард.

Дар маҷаллаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти “Пули Сангин”-и шаҳри Норак раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иштирорк намуданд. Майдончаи варзишӣ дар доираи нақшаи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Пасон, бо иштироки Қурбон Ҳакимзода расми ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи 50-солагии шаҳри Норак баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Парчами давлати шодбош гуфта, ёдовар гардид, ки 20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳр аз як ҷониб ба ҳусни Норак зебогии бештар зам намояд, аз тарафи дигар, майдони он барои истироҳату фароғати сокинон басо созгор аст. Парчами давлатӣ дар макони сераҳолии шаҳри Норак бо хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бунёд гардидааст.

Зикр шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак то соли 2021 бунёду навсозии 193 иншоот пешбинӣ шудааст. Бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист низ яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур дар шаҳри Норак соли 2018 ва дар 10 моҳи соли ҷорӣ 50 иншоот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 25,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Бо бунёди иншоотҳои мазкур даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардиданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here