Сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Кӯшониён имрӯз аз боздид аз раванди сохтмони сехи коркарди равған, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” оғоз ёфт.

Сохтмони коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳобиддин Исмоилов бо сарфи 1,5 миллион сомонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ҷараён дорад.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин коргоҳ иқтидори истеҳсолии он то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, наздик ба 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб гардидаанд.

Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкор Шаҳобиддин Исмоилов барои ташаббусаш изҳори сипос карда, ҷиҳати роҳандозии истеҳсоли равғани хушсифат ва дар бозор рақобатпазир машварат дод.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз вазъи мумфарш ва чароғонкунии 4,5 километр роҳи деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал овард. Бозсозии роҳи мазкур низ бо ибтикори оилаи Исмоиловҳо  ва аҳолии деҳаи Ҳосилот бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст. Дар баробари мумфаршкунии роҳ чароғонкунӣ низ ба нақша гирифта шудааст, ки симои кӯчаро ранги дигар хоҳад бахшид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони гармхонаи лимӯпарварӣ дар деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти “Заргар” шинос гардид. Барои бунёди ин гармхона 1,20 гектар замин интихоб ва ҷудо карда шудааст. Аз ҷониби соҳибкор С. Исмоилов бо харҷи як миллион сомонӣ иншоот бунёд гардида, дар гармхона 365 ниҳоли лимӯ шинонида шуда, парвариши он дар ҳолати хуб қарор дорад. Тибқи арзёбии кишоварзон, ба ҳар як ниҳол 50 кг лимӯ дар ҳосили имсола пешбинӣ гардидааст.

Қайд гардид, ки ҳангоми баистифодадиҳии гармхонаи мазкур барои 20 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё карда хоҳад шуд.

Қурбон Ҳакимзода ба оилаи Исмоилзодаҳо ва шахсони саховатпеша барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми муносиб дар ободкории як гӯшаи Ватани азиз миннатдорӣ баён намуд.

Раиси вилоят фаъолони ҷамъомадаро барои иҷрои корҳои хайр, аз ҷумла дастгирии ятимону бепарасторон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here