Субҳи имрӯз, 21 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади аёдати собиқадорони меҳнат, қабули сайёри шаҳрвандон ва мавриди истифода қарор додани як силсила иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.

Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба Фархор

Раиси вилоят нахуст аз рафти пахтасупории хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ва ҷараёни қабули пахта дар ҶДММ “ Корпоратсияи Зиёратшоҳ” шинос шуда, бо кишоварзон мулоқот намуд. Роҳбари ин корхона Ҳабибулло Давлатов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки то имрӯз бо ҳазор хоҷагии пахтакор шартномаи ҳамкорӣ баста, то имрӯз 4500 тонна пахтаро барои коркард қабул кардааст. Захира ва коркарди «тиллои сафед» идома дорад. 

IMG-d9e2f0eaf227be2b6960e912e9bc88c1-V.jpg

Сипас, Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳи 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №3-и деҳаи ба номи Б. Давлатови Ҷамоати деҳоти “Ғайрат” ширкат варзид. Бинои мазкур дорои 200 ҷойи нишаст барои толибилмон буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Хушаков ва бо дастгирии сокинони деҳа бунёд шудааст. Раиси вилоят ба устодон дар фаъолияташон комёбӣ ва ба шогирдони ин дабистон барори таҳсил орзу намуд. Қ. Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки толибилмони ин таълимгоҳ ҳамчун ворисони аҷдоди сарбаланду некноми мо бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки давлату Ҳукумат барояшон муҳайё кардааст, ҳамчун насли сазовори номи неки миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли худ ба камол мерасанд.

IMG-50b1f1e036ae1b64247042ac003f241c-V.jpg

Дар деҳаи Куҳандиёри Болои Ҷамоати деҳоти “Ватан” раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар расми бакорандозии коргоҳи дӯзандагӣ, адрасбофӣ ва омӯзиши компютер ширкат варзид. Зикр шуд, ки дар ин коргоҳи навтаъсис 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ин субҳ бо иштироки роҳбари вилоят ҳамчунин дар деҳаи Хуррамзамин маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишӣ дар назди МТМУ №16 барпо гардид. Ин иншоот бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдулмуъмин Ятимов бунёд шудааст. “Бештар шудани теъдоди чунин майдонҳои варзишӣ дар сатҳи маҳал барои рушди варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад”, — зикр кард Қурбон Ҳакимзода.

Дар назди ин таълимгоҳ бо дастгирии Фонди озуқавории ҷаҳонӣ сехи нонпазӣ низ ба кор шурӯъ кардааст. Зимни шиносоии раиси вилоят аз ин коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки ин сех 15 мактаби ноҳияро бо нон таъмин хоҳад кард. 

Дар доираи сафари кории худ раиси вилоят дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти “Фархор” бо рафти умури сохтмони МТМУ №4 шинос шуда, ба масъулони бунёди иншоот ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон дастур дод.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода сурат гирифт.

Собиқадори меҳнат Искандар Сафаралиев дар мавриди ба итмом расонидани сохтмони МТМУ №2, раиси маҳаллаи №14 Абдуғаффор Абдураҳмонов оид ба норасоии оби нӯшиданӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Садамхон» оид ба таъминот бо нуриҳои минералӣ ва тухмии хушсифати пахта, Саидхӯҷа Маҳмудов оид ба сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд, раиси маҳаллаи деҳаи Хуррамзамин оид ба зарурати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, раиси маҳаллаи деҳаи Сомониён №1 Қудратулло Сайдалиев оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаи варзишии ҳозиразамон, собиқадори меҳнат Аноргул Сафарова оид ба азнавсозии бинои Ҷамоати деҳоти «Ватан» ва баргардонидани бинои Қасри фарҳанги ҷамоат аз «Кафолатбонк», омӯзгори ҷавон Алихон Хидиров оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷамъан 14 нафар доир ба мушкилоти мавҷуда масъалагузорӣ намуда, хостори мусоидати раиси вилоят ба ҳалли он шуданд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои баррасӣ ва расидагӣ кардан ба арзу матлаби сокинони ноҳия ба масъулони ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.

Сафари кории раиси вилоят ба ноҳияи Фархор идома дорад.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here