Имрӯз як гурӯҳ вакилони мардуми бо сарварии Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд. Меҳмононро зимни сафри корӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ва дигар шахсони расми ҳамроҳи намуданд. Дар доираи сафари корӣ меҳмонон дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Гулистон аз рафти кишти такрори ва маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии оилаи Маҳмадулло Давлатов дидан карда, ба рафти корҳо истифодаи смараноки обу замин захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзи баҳои хуб доданд. Ин оила 15 сотих замини назди ҳавлигӣ доранд, ки ҳар як ваҷаби он истифода гардида, дар кишти такрории зироатҳо боимҷон, лубиёю мош, қаламфури ширину тезак, помидор, маккаи дон, караму гулкарам ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал кишт гардидаанд, ки имрӯз нашъунамои хуб доранд.
Бояд гуфт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар маҷлиси фаъолон дар ноҳияи Данғара ироа гардида буданд, аз ҷониби сокинон ҳамовозии гарму ҷушон ёфта, сокинон баҳри таъмини захираи озуқавори барои ду сол аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода карда, мекушанд ҳарчи зиёдтару бештар аз маҳсулоти кишоварзии худ захираи аҳли оилаашонро таъмин намоянд. Онҳо мехмононро ба захираи гандум, маккаи дон, намунаҳоро аз кишти такрории пиёзу бодиринг, боимҷону қаламфури ширин ва меваҳои шаҳдбори боғи наздиҳавлияшон, ки ба маъраз гузошта буданд ошно карда, дар бораи маданияти нигаҳдории онҳо изҳори андеша карданд. Маълум гардид, ки онхо ҳамасола дар ин замин кишти мухталифи зироатҳоро ба роҳ монда, се чор хосил ба даст меоранд.Тавре дар суҳбат иттилоъ дод ба ғайр аз кишти сабзавоти гуногуни ниёзи аввал хамчунин дарахтони гуногуни мевадиҳанда самараи хуб ба бор оварда, аз ин ҳисоб ҳам афшураву мураббо ва хуришҳои гуногун омода ва захира менамоянд. Ба гуфти бонуи ин хонадон онҳо зиёда аз 300 қути консерваҳои гуногунро тайёр кардаанд.
Ин оила меҳмононро ба намунаҳо аз қуттиҳои шарбату афшура ва мураббою хуришхои гуногун, ки дар фасли сармо истифода мебаранд ошно карда, тарзи нигаҳдори ва омода кардани онро изҳор доштанд. Раиси Маҷлиси намояндагони мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарм Зокирзода Маҳмадтоир ба иштирокдору аҳли хонавода, дар бораи бо эҳтиёт тайёр кардани ин хуришҳо, истифодаи пурраи технология омодасози, зарфҳои босифат ва интихоби маҳсулоти аз чиҳати экологи тоза дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Зеро риоя накардани технологияи омодасозии хуришу афшураҳо ба гирифторшавии як катор беморихои сироятиро дар пай дорад. Меҳмонон ҳамчунин аз кишти такрории зироатҳо, ки аҳли ин хонавода хеле моҳирона ва бо маданияти баланди истифодаи самараноки обу замин кишт кардаанд баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки кору пайкори чунин хонавода намунаи ибрати дигарон буда метавонад.
Дар чараёни сафари кори меҳмонон аз рафти корҳои кишоварзи дар кооперативи тиҷоратии Имоми Аъзам вокеъ дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаи Баракат боздид ба амал оварда аз таҷрибаи пешқадами онҳо дар самти парвариши боимҷону қаламфури ширин бархурдор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ин хочаги 11 гектар замин дошта дар ду гектари он гармхонаҳои доимоамалкунанда сохта шуда фаъолияти хуб доранд. 25 нафар саҳмдорони хочаги шабу рӯз бо меҳнати ҳалолу софдилона, ба парвариши зироати гуногун машғул буда, яке аз аввалинхо шуда сабзавоти барвақтиро ба дастархони истеъмолии мардуми кишвар ворид менамоянд.
Сардори хочагӣ зимни вохури меҳмононро ба кору пайкор ва нашъунамои таҷрибаи наву пешқадам, ки дар парвариши боимҷону қаламфури ширин чори кардаанд шинос карда, гуфт, ки мо метавонем ба ин васила аз ҳосили дуюми ин зироат самараи бештар ба даст оварем.
Раиси вилоят муҳтарм Курбон Хакимзода дар ин росто таъкид доштанд, ки дар хақиқат таҷрибаи дуюм аст ва кишоварзон ҳосили баланд гирифта содироти боимҷонро хуб ба роҳмондаанд. Меҳмонон аз тамошои ин манзараҳои хеле хотирмон изҳори қаноатманди намуда, ба роҳбарияти ноҳия , ба кишоварзону зироаткорон дастур доданд, ки ин таҷриба лоиқи дастгирист ва онро дар дигар манотиқи вилоят ҷори кардан аз манфиат холи нест.
Сипас дар толри мақомоти иҷроияи ноҳия Раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикисон Зокирзода Маҳмадтоир ва раиси вилоят мухтарм Қурбон Ҳакимзода бо роҳбарон намояндагону фаъолони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Вахшу Кӯшониён мулоқот баргузор карданд. Нахуст раиси вилоят муҳтарм Қурбон Ҳакимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи ҷонибдории мардуми вилоят аз дастуру супоришҳои сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, кору фаъолияти кишоварзонро дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар нек арзёби доштанд. Раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир оид ба пешравиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таи солҳои соҳибистиқлоли ҳарф зада хизматҳои шоёни сарвари давлати точиконро дар арсаи сиёсат нек арзёби намуд. Зимни баромад қайд доштанд, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар оромию амнияти сартосари бояд расид, зеро сулҳу ваҳдати тоҷикон ба осони ба даст наомадааст.
Таҳкими амнияти кишварро яке аз масъалахои асосӣ арзёби намуда, дар ин самт корҳои анҷомёфтаро зикр доштанд. Мавсуф тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро барраси карда, масаъалаҳои муҳими чомеаи имрӯза, аз ҷумлаи таълиму тарбияи хамаҷонибаи ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, пешгирии бемориҳои сироятӣ, волоияти қонун, пешгири гардиши гайриқонунии маводи мухадир, масъалахои ҷалби занону ҷавонон ба корҳои чамъиятӣ, ташкили озмуну фестивалҳо ва иштироки фаъолонаи сокинон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Сипас як гурӯх намояндагони нохияхои Вахшу Дӯстӣ Ҷ, Балхию Кӯшониён баромад карда андешаҳои худро перомуни дастуру супоришхои сарвари давлат дар самти таъмини захираи озуқавори барои ду сол андеша баён карда, ҳамовозии гарму ҷушони худро изҳор доштанд.
Гуфтанд, ки минбаъд низ дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, бо меҳнати ҳалолу софдилона дар таъмини сабади истеъмолии мардуми кишвар саҳми арзандаи худро хоханд гузошт. Дар охир раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода таъкид доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии мамлакат ва вусъат бахшидани иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми навбатияшон ба Маҷлиси оли ироа доштанд аз имрӯз ҳам дида, бештар талош намоем. Ҳамчунин изҳор доштанд, ки зимни вохурияшон бо сокинону фаъолони вилояти Хатлон, Пешвои миллат баҳри дар амал татбиқ намдудани накшаҳои созанда дар самти беҳтар намудани некуахволии мардуми кишвар дастурхои мушахас доданд. Ҳамзамон аз дастурҳои навбатии Роҳбарияти Олии кишвар ёдовар гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, захираи дусолаи маводи озуқа, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин андеша баён карда, ба намояндагони нохияҳои мазкур дастуру супоришҳои катъи доданд.Таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дигаршавии иқлим, болоравии нархи молу маҳсулот дар сар то сари чаҳон моро вазифадор месозад, ки пайваста омодаги бинем ва дар паи амали гардидани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар вохуриҳои охирашон ба такрор аз сокинон даъват ба амал оварданд, камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон дигар масъалаҳои муҳиму саривақти дар вохури бо фаъолон аз ҷониби раиси вилоят мавриди барраси қарор ёфт. Дар анҷом изҳор доштанд, ки дар партави сиёсати дурандешонаи сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматкарини вилоят ҳамеша талош хоҳанд кард.