Имрӯз, 28-уми декабр, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноташ гуногун, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, расонидани кӯмак ба ятимон, тарбиягирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дод.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло зимни сафари корӣ дар якҷоягӣ бо фаъолон нахуст бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка ва пиёз дар хоҷагии агрофермаи Ёвони Ҷамоати деҳоти “Ситораи сурх” дидан намуд.

Хоҷагидорон аз картошкаи навъи «бигроза», ки ба иқлими маҳал мутобиқ аст, истифода намуда, умеди ҳосили фаровонро доранд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия тибқи дурнамо дар майдони 220 гектар бояд кишти картошка ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи сафари корӣ Хайрулло Амонулло ба аёдати собиқадорӣ меҳнат Одинамоҳ Боймуродова, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова рафта, ба ин зани меҳнатӣ аз номи раиси вилоят ҳамчун туҳфаи солинавӣ маводи хӯрокворӣ ва кӯмаки яквақтаи пулӣ расонид. Одинамоҳ Боймуродова солҳои тӯлонӣ ба нафъи ҷомеа дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, бо ихтисоси механизатор фаъолият намуда, заҳматҳои ин зани меҳнатқарин бо ордени “Нишони фахрӣ”, медали “Барои хизмати шоён”, ифтихорномаҳо қадршиносӣ гаштааст.

Дар ин рӯз бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло ва раиси ноҳияи Ёвон ҳамчунин бинои дуошёнаи филиали Ҷамъияти саҳҳомии “Спитаменбонк” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёнаи дигар иборат буда, бо маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ин бинои муосир барои кормандони бонк шароити хуби корӣ ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон дар идомаи сафар ҳамчунин ба аёдати собиқадори меҳнат Раҳмонов Саидмаҳмуд рафта, бо рӯзгори ин марди меҳнатӣ шинос гашта, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ орост. Саидмаҳмуд Раҳмонов собиқаи кории 43-сола дошта, солҳои тӯлонӣ дар корҳои ободониву созандагии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштааст. Заҳматҳои шоёни ин марди меҳнатӣ аз ҷониби роҳбарияти ҳукумату давлат бо ордени Ленин, нишони фахрӣ, медал барои хизмати шоён қадрдонӣ карда шуда, имрӯз таҳти ғамхориву дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат давлати пирӣ меронад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Хайрулло Амонулло ва Ҷамшед Саидзода ба 52 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ аз номи раиси вилоят тақдим намуда, барои онҳо хони идона ороста шуд, ки аз ин ғамхорӣ кӯдакону наврасон шоду масрур гаштанд.

Муовини аввали раиси вилоят ва раиси ноҳияи Ёвон бо сухани табрикӣ баромад намуда, ба ин атфол рӯзгори хушу босаодат таманно карданд. Зикр гардид, ки роҳбарияти Ҳукумату давлат, бахусус Президенти мамлакат, ҳамеша пуштибонӣ аз ин қишри ҷомеа мекунанд ва чунин кӯмаку дастгириҳои падаронаро ҳеҷ гоҳ ба ин кӯдакон дареғ намедоранд.

Ҳайати гуруҳи корӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят, ҳамчунин аз ҷараёни корҳои сохтмони пули маркази ноҳия шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар вазъияти хотирмон бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азиззода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бинои дуошёнаи кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо маблағгузории аъзоёни ҳизб ва саҳми сокинони маҳал, соҳибкорон бо маблағи умумии 380 ҳазор сомонӣ қомат афрохта, барои кормандони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Ҳайати меҳмонон бо шароити кории кормандон шинос шуда, дар вазъияти мутантан ба зиёда аз 15 нафар ҷавонон билетҳои узвияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро супурданд. Ҳамчунин ба чанде аз ташаббускорон ва саҳмгузорон дар сохтани иншооти мазкур Сипоснома тақдим гардид.

Дар заминаи амалисозии амри Президенти мамлакат ҷиҳати шунидани арзи сокинон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия қабули шаҳрвандон ва мулоқот бо фаъолони ноҳия доир гашт. Чанде аз сокинони ноҳия арзи худро ҷиҳати мушкилоти маҳал, рӯзгор ва вазъи оилавиашон ба муовини якуми раиси вилоят расониданд.

Сокини деҳаи Гули бодом Абдуқодир Ҷалолов оид ба таъмирталаб будани роҳи нақлиётгарди Ёвон-Ваҳдат, Ёвон-Норак арзи матлаб карда, аз муовини якуми раиси вилоят хоҳиш намуд, ки барои таъмири ин роҳ мусоидат шавад. Абдурасул Қодиров — нафақахӯри нобино хоҳиш намуд, ки ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил кумак расонанд. Зебонисо Садирова, Савригул Ҷалилова арзи худро барои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ расониданд. Ба ин монанд боз чандин нафари дигар оид бо проблемаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки аз тарафи муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло барои ҳалли мушкилоти сокинон роҳбарияти идораву корхона ва масъулон вазифадор карда шуданд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад ҳисоботи раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия дар зарфи 11 моҳи сипаришудаи соли равон шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ 946,9 миллион сомониро ташкил медиҳад ва натиҷаҳо дар ин самт назаррас аст.

Дар заминаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бояд 341 иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода шавад, ки аз ин ҳисоб то ин муддат 177 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар дигар бахшҳо низ корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунии кӯчаву маҳаллаҳо идома дошта, роҳбарияти ноҳия ҳадаф доранд, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми олии роҳбарияти ҳукумати кишвар саноатикунонии мамлакат низ ҳиссагузор бошанд. Дастовардҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ назаррас унвон карда шуд.

Хайрулло Амонулло пас аз шунидани ҳисоботи раиси ноҳия оид ба як қатор масоили ҳалталаби соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here