Сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ   тибқи хулосаи пешакӣ, расиши ноқилҳои барқӣ будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти молӣ гардид.

Барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш гардид.

Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 12 мағозаи хӯрокӣ, 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.

Ҳамзамон хатари паҳншавии оташ ба биноҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк», ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ гардид.